Меҳргон-ҷашни аҷдодии миллати тоҷик

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои пуршукӯҳи аҷдодӣ аст, ки аз қадимулайём онро мардуми тоҷикзабони дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд. Дар сарашмаҳои таърихӣ, мутафаккирони Шарқу Ғарб оид ба ин ҷашни мардуми тоҷик зиёд ибрози назар намудаанд. Аз ҷумла дар қомусҳои фарҳангӣ омадааст, ки Меҳр – маънои нур,  офтобро  дорад,  ки дар ин рӯз худованд офтобро офаридааст ва ниёгонамон дар ин рӯз иди Меҳргонро ботантана қайд менамуданд. Ҷашни Меҳргон қабл аз ҳама иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ,  тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон буд,  ки ниёгонамон баъди беталаф ҷамъоварии ҳосил ҷашн мегирифтанд. Аз ин рӯ, Меҳргонро иди меҳру садоқат ба пешаи деҳқонӣ, ҷашни ҳосилот ва ҷамъбасту тантанаи ранҷи кашидаи кишоварзон гуфтан ҳам ҷоиз аст.

        Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ Меҳр моҳи ҳафтуми сол аст ва ҷашни  Меҳргон рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки ба рӯзҳои 8-9 октябри солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн гирифта мешуд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки ҷашни Меҳргон 16-уми меҳрмоҳ оғоз ёфта дар рӯзи 21-уми рамрӯз анҷом мепазируфтааст,  яъне он 5 рӯз давом мекардааст.

        Дар бораи пайдоиш ва сабабҳои иди Меҳргон ақидаҳои дигар низ мавҷуданд.  Масалан,  мутафаккири бузурги Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар асари безаволаш “Осор-ул-боқия” навиштааст,  ки “Меҳргон  ба ёди ғалабаи шоҳаншоҳ Фаридун бар Заҳҳоки ситамгар ҷашн гирифта мешуд. Мардум ба шарафаи ғалабаи қувваи некӣ дар доманаи кӯҳи Дамованди Эрон базм ороста, тоҷи шоҳаншоҳиро ба сари Фаридун гузоштанд ва тантанаҳо доир кардаанд.

        Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Меҳргон-меҳр мазҳари паймон ва аҳд низ будааст. Дар гузашта, гузаштагонамон ҳангоми бастани қарордод ё паймон ҳалқа (ангӯштарин)-и меҳрро ба даст мегирифтанд. Ангуштаре, ки имрӯзҳо ҳам ҳангоми бастани ақди  никоҳ арӯсу домод ба дасти якдигар мегузоранд ёдгорест  аз  Меҳргони бостон.

         Дар китоби муқаддаси “Авесто” омадааст, ки мардум Меҳргонро 6-рӯз ҷашн мегирифтанд, ки аз он айём то ба ин дам беш аз 5 хазор сол даргузаштааст.

       Дар ҷашни Меҳргон мардум хонаҳоро оростаю  пироҳани идона ба бар менамуданд, сӯи якдигар гулоб пошида, ба ҳамдигар хушбӯиҳо тақдим мекарданд, сарояндагону навозандагон,  ширинкорону масхарабозон, дорбозону паҳлавонон,  раққосон ҳунари хешро пешкаши мардум менамуданд, шеърхонию байтбарак, қиссахонӣ мекарданд. Хулоса базми Меҳргон бо тантанаи пуршукӯҳ табдил меёфт, ки базмороён одамонро ба меҳнатдӯстӣ, ватанпарастӣ, табиатдӯстӣ,  накӯкорию дӯстию бародарӣ ва шафқату меҳрубонӣ даъвату ҳидоят менамуданд. Болои дастархони идона кулли нозу неъмати ба дасти кишоварзон рӯёндаро гузошта, шукронаи сулҳу осоиш, ваҳдати  инсонӣ мекарданд ба ранҷи кашидаи онҳо аҳсанҳо хонда, ба ояндаи неки халқу ватан дасти дуо мебардоштанд.

        Таъоми аз ҳама ҷолиби дастархони идона мурғи меҳргон буд,  ки андаруни он мурғи пухташуда меваҳои хушк, аз қабили анҷиру тут, хурмою чормағз, бодому кишмиш ва ғайраҳоро ҷой медоданд.  То анҷоми ҷашн ба ҷуз бачагон дигар касе ҳақ надошт,  ки меваҷоти мурғи меҳргонро тановул намоянд,  зеро ба қавли ниёгон танҳо бачагон чун фариштаҳои осмонӣ аз гуноҳ ориянду бас. Пас, нозу неъматҳои оростаи мардуми деҳқонро нӯши ҷон намуда, дар ҳаққашон ҳамду сано мехонданд.

      Дар даврони салтанати Сосониён ва аҳди Сомониён ҳам Меҳргон чун ҷашни кишоварзон хеле ботантана ва бо шукӯҳ мегузашт,  ки паёми шодбоши малик-уш-шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба малики Сомониён баёнгари ин гуфтаҳост:

                Малико, ҷашни  Меҳргон омад,

                Ҷашни шоҳони хусравон омад,

                Ту ҷавонмардӣ, давлати ту ҷавон,

                Май ба бахти ту ҷавон омад.

         Меҳргон ҷашни аҷдодии мардуми тоҷикзабон аст, ки аз замони дуродури таърих ёдгор монда, онро дар замони шӯравӣ рамзан иди ҳосилот, ҷамъбасти ранҷи кашидаи мардуми деҳқон қайд менамудаанд. Наврӯз агар оғози кори барзгарон, бедоршавии табиат, ибтидои дарозшавии рӯз, вусъати шуои офтоб бошад, пас Меҳргон анҷоми кори деҳқон, пастравии гармии офтоб, коҳиши нумӯи табиат, дарозшавии шаб,  айёми хазонрез аст.

Қутбидинова Б.О. 

омӯзгори кафедра фанҳои гуманитарӣиҷтимоӣ