МУЛОҚОТ ВА СУХАНРОНИИ ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ АШТ

Дар толори калони маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти аъзоёни гурӯҳи кории тарғиботии вилоят ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Солиҷонов Нодирҷон, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Шарифзода Аминҷон, раиси бахши суғдии Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ, бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Ашт доир гардид.
Мулоқот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани “Соли 2026 – соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» баён намуданд, барпо гардида, мавзуи меҳварии идеологии он бо иқдоми ватандӯстонаи Пешвои маҳбуби миллат аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба маркази Тоҷикистон –шаҳри Душанбе овардани хоки фарзандони фарзонаи миллат, шаҳидони роҳи озодии миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад бахшида шуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуда, онро арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги фарзандони ватандӯсту содиқи тоҷик номид.