КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА

Мудири кафедра: Туев Шоҳин Шоевич

Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ

E-mail: Shohin-8888@mail.ru

 

Таърихи ташаккулёбии кафедра

Кафедраи математикаи олӣ ва информатика дар асоси Низомномаи муассисаи олӣ ва олии касбӣ, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, бо фармоиши ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз санаи 20.08.2006с., таъсис дода шудааст. Кафедраи математикаи олӣ ва информатика ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва дар байни омӯзгорон корҳои илмию методиро бо назардошт ва тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳои Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони донишкада ба роҳ мемонад.

Аввалин мудири кафедраи МО ва И дотсент Солехов О. таъин гардидааст. Дар соли таъсисёбии кафедра омӯзгорон Иброҳимов С, Дадобоева М., Зиёмидинов Б.М., Сайдуллоева М.М., Ҳайдарова А.Б., Исмоилова М., Насриддинов З.З., Сафаров Р. кору фаъолият намудаанд.

Фанҳои таълимии кафедра: математикаи олӣ, технологияи информатсионӣ, асосҳои истифодабарии техникаи ҳисоббарор ва барномаҳои замонавии компютерӣ мебошанд. Самтҳои асосии фаъолияти кафедра ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва  амсоли инҳо мебошад.

 

Ба кафедра дар солҳои гуногун роҳбарӣ кардаанд:

  1. н.и.физ – мат., дотсент Солихов О. – 20.08.2006 то 31.01.2007;
  2. муаллими калон Зиёмиддинов Б.М. – аз 01.02.2007 то 01.07.2007;
  3. н.и., дотсент Салоҳидинов К. – аз 01.09.2007 то 01.07.2008;
  4. н.и.физ – мат., дотсент Бобоев Л.Ғ. – аз 01.09.2009 то 01.07.2010;
  5. н.и.п., дотсент Сайдуллоева М.М. – аз 31.08.2010 то 01.07.2014;
  6. н.и.физ – мат., дотсент Рустамова М. – аз 31.08.2014 то 01.07.2015;
  7. н.и.п., дотсент Ҷӯраева Х.Ю. – аз 14.09.2015 то 7.02.2020;
  8. н.и.п., дотсент Сайдуллоева М.М. – аз02.2020 то 08.05.2020;
  9. номзади илмҳои педагогӣ Туев Ш.Ш. – аз 14.08.2020 то ҳол.

Ҳайати педагогӣ

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 дар кафедра 18 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мебаранд. Аз он ҷумла 11 нафар штатӣ, 5 нафар муштараквазифаи дохилӣ ва 2 нафар муштараквазифаи беруна мебошанд.

Айни замон ба кафедра: мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Туев Ш.Ш. – роҳбарӣ менамояд. Инчунин, Солехов О. – дотсент (муштараквазифаи беруна), Облоқулов В.М. – номзади илмҳои иқтисодӣ,  Самадова Ҳ.К. – муаллимаи калон, Исмоилова М. –  муаллимаи калон, Хӯҷамов Ш.Э. – ассистент,  Норбобоева Г.Б. –  ассистент, Ҳаитов Ф.Ш. – ассистент, Абдураҳмонова А.И. – ассистент, Кенҷаева Х. –  ассистент (муштараквазифаи дохила), Саидов А.Қ. – ассистент  (муштараквазифаи дохила), Иноятова Г.С.–  ассистент  (муштараквазифаи дохила), Розиқов А.Ё., –  ассистент  (муштараквазифаи дохила), Шербоев М. –  ассистент  (муштараквазифаи дохила),    Қайюмов Х.Б. – ассистент  (муштараквазифаи беруна), Абдуллоева Н.М. – мудири кабинет,  Насруллоева Д.М. –  коргузор фаъолият бурда истодаанд.

 

Вазифаҳои кафедра:

       Баланд бардоштани маҳорати истофодабарии компютер аз ҷониби устодону донишҷӯён;

       Истифода бурда  тавонистан бо барномаҳои замонавӣ;

       Бо усулҳои интерактивӣ гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ аз фанҳои математикаи олӣ  ва технологияи информатсионӣ;

       Баланд бардоштани дониши риёзӣ – зеҳнии донишҷӯён.

 

Дастовардҳои устодони кафедра:

       Кафедраи математикаи олӣ ва информатика таълими фанҳои математикаи олӣ ва технологияи информатсионӣ, барномаҳои замонавии компютерӣ, асосҳои истифодабарии техникаи ҳисоббароро барои бакалаврон ва информатика аз рӯи ихтисос барои магистрантон  машғулиятҳоро ба роҳ мондааст.

       Устодони кафедра дар конфронсҳои донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромадҳо менамоянд. Кафедра бо кафедраҳои муассисаҳои олии касбии кишвар ҳамкориҳои судмандро дар самти таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос роҳандозӣ намудааст.

       Устодони кафедра дар омода ва нашри китобҳо, дастурамалҳо, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмӣ – татқиқотӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Осори илмии устодони кафедра:

       Сайдуллоева М.М., Зиёмидинов Б.М. – дастури методӣ «Ҳалли масъалаҳо аз таҳлили математикӣ», шаҳри Хуҷанд – Меъроҷ, 2014;

       Назаров П.А., Ҳаитова Ф.Ш. – китоби дарсӣ «Маҷмӯи мисолу масъалаҳо аз математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ, 2017;

       Зиёмиддинов Б.М., Ҷӯраева Х.Ю. ва Сайдуллоева М.М. – «Курси мухтасари лексияҳо аз математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2018;

       Зиёмиддинов Б.М., Норбобоева Г.Б.,  Ҷӯраева Х.Ю. – «Дастури методӣ  ва супоришҳо барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни математикаи олӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2018;

       Зиёмиддинов Б.М. Норбобоева Г.Б.,  Ҷӯраева Х.Ю. – «Дастури методӣ  ва супоришҳо барои таҳсилоти фосилавӣ», Хуҷанд – Меъроҷ 2019;

       Ҷӯраева Х.Ю. – монография «Способы реализации дидактический принципов общеобразовательных школ Республика Таджикистан», Худжанд, 2019;

       Облоқулов В.М. – монография «Бозори хизматрасониҳои давлатии электронӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолат ва дурнамоии рушд» –  Душанбе, Ирфон 2019;

 Туев Ш.Ш., Саидов А.Қ. – «Дастурамал оид ба истифодаи барномаи Mathcad» – Ношир, Хуҷанд 2020. 

 

Базаи моддӣ таълимии кафедра:

       Кафедраи математикаи олӣ ва информатика пайваста барои базаи моддӣ – техникии кафедраро баланд бардоштан, кӯшиш мекунад. Кафедра дорои 2 кабинети технологияи компютерӣ буда, дорои 30 адад компютер, 2 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проектор ва мизу курсиҳо барои 50 ҷой мебошад. Аудиторияҳо давра ба давра бо дастурҳои тавсиядиҳандаи муосир таҷҳизонида мешаванд.