Кафедраи ташкили ҳамлу нақл

ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ

1.Таърихи таъсисёбии кафедра
Сохтор, феҳрасти хуҷҷатгузори ва самтҳои асосии фаъолияти кафедра тибқи «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2006 №8/4 тасдиқ шудааст, муайян карда шудааст. Низомномаи мазкур, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилотӣ касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Низомномаи намунави оид ба муассисаи таълими таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия карда шудааст, чун хуҷҷати асоси ва муайянкунандаи фаъолияти таълими, таълими – методи, илми тадқиқоти ва корҳои тарбиявии донишҷӯён истифода бурда шудааст.

 

 

Дар соли хониш, ба кафедра якчанд Қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру фармонҳои Президенти мамлакат, Фармонҳои Вазорати маориф, энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалли дастрас шуданд ва мавриди иҷроиш гардиданд.
Дар соли таъсисёбиаш дар кафедра як ихтисос 440101-01 «Ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш» мавҷуд буд. Инчунин дар кафедра 12 фанҳои ҳатми, 8 фанҳои интихобӣ ҳамагӣ 20 фанҳои таълимӣ мавҷуд буд.
Дар соли таъсисёбиаш шумораи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра чунин буд: як номзади илм, Ваҳобов М -, Эшонқулов И., мудири кафедра Бобоев Р – сармуаллим, Бобоев Ҷ., Ғоибов А.Ё. Ғаффоров Х.Н.- ассистентон Бақоев Б.Б. коргузори кафедра. Ҳамаи онҳо доимӣ ва Раззоқов С., Ҷалолов А. – муштараквазифа.

2.Маълумоти мухтасар оиди фаъолияти кафедра дар зарфи 12 сол (2006 – 2018)
Шумораи ихтисос як хел мондааст, ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли хониши 2017 – 2018 се номзади илм, ду сармуаллим, се ассисантон – доими, як ассисентон – муштараквазифаҳои дохила, як лаборант.

 

 

3.Пояҳои моддӣ техникӣ ва таълимии кафедра
Дар соли аввали таъсисёбиаш кафедра дорои 2 синфхона буд.
Дар давраи фаолияташ омӯзгорони кафедра, бо роҳи таъмиркунию азнавсози ду синфхонаҳои иловагиро ба истифода доданд.
Ҳоло кафедра дорои 4 синфхонаву утоқҳои таълимӣ бо минимуми таҷҳизотҳо ва аёниятҳо ҷиҳозонида шудаанд.
Ҳоло кафедра дорои ҳуҷраҳои махсус барои мудир ва омӯзгорони кафедра мебошад.
Ҳоло дар кафедра  ҳамиа омӯзгорон бо нотбукҳо таъмин мебршанд.
4.Дастовардҳои кафедра дар зарфи 12 сол
Кафедра дар солҳои 2017 ва 2018 аз рӯи низоми кредити таҳсилот коргузори менамояд. Аз ин лиҳоз вазифаи аввалиндараҷаидар самти корҳои таълимӣ – методӣ аз тартиб додани Комплекси таълимӣ – методӣ (силабусҳо марбут ба фанҳои тахассусии кафедра, матни лексияҳо, тестҳо аз ҳамаи фанҳо, вазифаҳои хонагӣ ва дигарҳо) мебошад.
Ҳамаи омӯзгорони кафедра кураторон мебошанд ва дар корҳои тарбиявӣ ҳиссагузор мебошанд.

 

 

Корҳои илми – тадқиқотӣ
Дар кафедраи «Ташкили ҳамлу нақл» аз рӯи 3 самти асоси иҷрои корҳои илмӣ тадқиқоти дар соли тақвими 2019 ба нақша гирифта шуааст.
1)Интихоби технологияи аз лиҳози экологӣ бехатари корҳои боркунӣ борфарорӣ ҳангоми интиқоли автомобили борҳои калонҳаҷму вазнин (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон). (иҷрокунанда Бобоев Р.
2)Инкишофи асосҳои илмии амсиласозӣ ва таҳлили равандҳои корӣ, коркард ва асосноккунии нишондиҳандаҳои зеҳнии сохтори органҳои корӣ ва механизмҳои ҳаракатовари мошинҳои технологӣ.  (иҷрокунанда Умарҷонов А.)
Робитаҳои кафедра бо истеҳсолот ва муассисаҳои илмию – таълимии беруна
Кафедра дар чорчӯбаи Қарорҳои умумии Донишкада бо корхонаҳои истеҳмсолӣ ва марказҳои илмию таълими ҳамкориҳоро ба роҳ монда аст. Махсусан дар самти таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ кафедра бо ҶММ КМ «Хуҷанд – ЗИЛ» Чкалов, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Зафоробод, Истаравшан, Ашт, ҶСК «Сорбон» шаҳри Хуҷанд, Ассотсиатсияи нақлиёти боркашонии автомобили «Роҳи сафед» дар вилояти Суғд, филиали Ассотсиатсияи нақлиётии автомобили мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. Дар самти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бо кафедраҳои донишкадаи Политехникии шаҳри Хуҷанд, «Фанҳои умумитехники» Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, бо шӯъбаи нигоҳдорӣ ва аз нав коркарди маҳсулоти филиали Суғди институти илмӣ – тадқиқотии боғдорӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ҳамкориҳои самаранок дорад.
5.Нақшаи дурнамои кафедра
Кафедра дар нақша дорад, ки то соли 2019 як диссертасияи номзади илмҳои техникӣ Бобоев Р. ва  дар соли 2020 як диссертасияи доктори илмҳои техникӣ Умарҷонов А. ба ҳимоя пешниҳод намояд.
Ассисентони кафедра Ғаффорорв Х.Н., ва Ғоибов А. дар солҳои 2017, 2018 самти корҳои илмӣ тадқиқотиро муайян намуда, мавзӯъи корҳои илмӣ – тадқиқотии худро интихоб намуданд.
Дар соли хониши 2018 – 2019 кафедра ният дорад, ки боз як ихтисоси наве, ба самти фаъолияти кафедра мувофиқ аст ҷори намояд.
Баъзаи моддӣ – техникии кафедраро мустаҳкам намуда як ташхисгоҳи таълимӣ бунёд менамояд.