Металлургия

Декани факултет: Шамсидинов Шуҳратҷон Муъминович

Таҳсил: Донишкадаи политехникии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ-озод, англисӣ бо луғат

Тел: +992 (92) 777-20-44

E-mail: shamsidinov.78@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ,  утоқи № 327

 Таърихи ташкилёбии факултет

Факултети Металлургия тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлугии Тоҷикистон, дар сохтори донишкада 02.09.2008 бо фармони № 78-а «К» ташкил карда шудааст.

Факултет фаъолияти худро тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Қонуни ҶТ Дар бораи маориф, Қонуни ҶТ Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Консепсияи миллии маълумоти ҶТ, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.

Дар давоми фаъолияташ факултет аз рӯи якчанд Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, дастуру супоришҳо ва Фармонҳои Президенти ҶТ, фармонҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати  саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои расмӣ оиди раванди таълиму тарбия ва илм сармашқи фаъолияти худ намудааст.

Сохтори факултет

Имрӯз факултет фаъолияти шуъбаҳо ва кафедраҳои зеринро муттаҳид месозад:

  • Шурои олимони факултет;
  • Шурои илмӣ-методӣ;
  • садорати факултет;
  • созмони ҷавонон;
  • шӯрои занони факултет;
  • шӯрои собиқадорони меҳнат;
  • кафедраи металлургия;
  • кафедраи ташкили ҳамлу нақл;
  • кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
  • кафедраи экология.

Дар факултет 32 нафар кормандон кору фаъолият мебаранд, ки 2 нафарашонро докторони илм, профессорон ва 10 нафарашонро номзадони илм, дотсентон ташкил медиҳанд.

Дар садорати факултет 4 нафар кормандон фаъолият мебаранд: декани факултет – Шамсидинов Шӯҳратҷон Муминович, муовини декани оид ба тарбия –Равзалиев Аслиддин Шобидинович, муовини декани оид ба илм – Усмонов Шермат Ҷумабоевич, эдвайзери факултет Бақоев Беҳзод Бақоевич

 

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд:

  • 420101-0104 – металлургияи металлҳои ранга
  • 520202- таҷҳизот ва технологияи заргарӣ
  • 330101-05 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист
  • 440101-01 – ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш
  • 370107 – хизматрасонии автомобилӣ
  • 570101-01 – экологияи саноатӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ

Пояҳои моддӣ-техникӣ ва таълимии факултет

Дар факултет 21 кабинетҳои таълимӣ, 5 лаборатория (дар назди кафедраҳои металлургия ва экология), 1 синфхонаи компютерӣ иборат аз 20 компютер, ки ба шабакаи ягонаи электронии донишкадавӣ пайваст аст, мављуд мебошад.

          

Барномаи рушди инноватсионии факултети металлургия

Барномаи рушди ингноватсионии факултети металлургия барои солҳои 2016-2020 дар асоси дастовардҳои таҷрибаҳои тараққиёти макотиби техникиву олии ватаниву хориҷӣ тартиб дода шудааст. Дар барнома мақсад, вазифаҳо, шартҳо ва роҳҳои тадбиќкунии маълумоти олии муҳандисӣ, илм, раванди тарбия, ҳамкориҳои  байналхалқӣ, дурнамои пойгоњи моддӣ-техникии Донишкада то соли 2020 муайян карда шудааст. Мақсади асосии Барнома тайёр намудани кадрҳои салоҳиятнок бо маълумоти олии муҳандисӣ мебошад.

Чорабиниҳои асосии, ки дар доираи Барнома иҷро мешаванд:

-коркарди барномаҳои таълимии асосӣ ва татбиқи  технологияҳои ташкили раванди таълим дар асоси 12 стандартҳои CDIO, ки донишҷӯёнро ба раванди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ ва татбиқи барномаи инноватсионӣ дар муҳити таълимӣ-илмӣ-истеҳсолӣ љалб менамояд;  

– сохтани базаи маълумотҳо ва дар асоси он сохтани системаи мониторинги: талаботи кадрҳо дар маҳал ва соҳаҳо; дархост ва барномаи перспективӣ (курсҳо, модулҳо); лоиҳаҳо; муассисаҳо ва ташкилотҳо – шарикҳои иҷтимоӣ; кормандони илмӣ, мутахассис-мушовирон ва экспертҳо, татбиқунии лоиҳаҳо ва барномаҳои таълимӣ, гузаронидани экспертизаи берунаи мустақил;

-таъмини хатмкунандагони факултет бо компетенсияҳои баланди компютерӣ, сатҳи касбии технологияҳои замонавии муосир;

-ба зудӣ татбиқ намудани интернет-технологияҳои таълимӣ ва коммуникатсионӣ, таъмини маводҳои электронии таълимӣ, захираҳои таълимии мултимедийӣ барои ҳамаи фанҳои таълимӣ;

-татбиқи гузариш ба таҳсили салоҳиятнокӣ, ки ташаккули қобилияти самаранок амал намудани муҳандисонро дар шароитҳои реалӣ инъикос менамояд;

-татбиқи технологияҳои лабораторияҳои виртуалӣ ва технологияи истифодабарии коллективонаи таҷҳизотҳои муосир;

-ташкили лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ  “Равандҳои металлургӣ” (бо ҳамкории КВД «ТАЛКО», ш.Турсунзода ва заводи металлургии дар ш.Истиқлол);

– ташкили лабораторияҳои замонавии “Аква-Экология”, “Аудити экологӣ”, “Сохти автомобилҳо”; “Нанотехнология” ;

– ташкили лабораторияҳои технологияҳои лазерӣ, плазмавӣ, ултрасадоӣ, электрохимиявӣ; маводҳои хокавӣ ва композитсионӣ;

-интегратсияи омодасозии томактаби олӣ бо таълими профилӣ дар мактабҳои миёна; ҳамкории факултет бо муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва касбӣ;

-апробатсия ва мониторинги комплекси таълимӣ-илмӣ-инноватсионӣ, ки алоқаи комплексӣ ва ривоҷи раванди таълимии инноватсиониро дар асоси ҳамкориҳои корхонаҳои соҳавӣ ва шарикҳои тиҷоратӣ барои омодасозии мутахассисони бозоргир таъмин менамояд.

ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ – РОҲ БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТҲО:

  • барои он, ки тайёр намудани муҳандисон мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст!
  • барои он, ки таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои пешқадами соҳавӣ гузаронида мешавад!
  • барои он, ки ту метавонӣ таҳсили худро дар мактабҳои олии Россия ва Аврупо идома диҳӣ!
  • барои он, ки дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд зиёда аз 7 корхонаҳои металлургӣ ба фаолият шурӯъ мекунад, яъне ту имконияти 100%- и бо корӣ доимӣ таъмин шудан дорӣ!
  • барои он, ки музди меҳнати муҳандис-металлург, муҳандис-эколог ва муҳандис –иқтисодчӣ аз 2500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад! 

 

ДОВТАЛАБИ АЗИЗ!

ИХТИСОСҲОИ СОҲАИ  МЕТАЛЛУРГИЯРО ИНТИХОБ НАМУДА,

ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ХУДРО ТАЪМИН НАМО!

МАРҲАМАТ БА ҲУДУДИ МУВАФФАҚИЯТҲО!

 

Тел. 777025074

                                     E-mail: shamsidinov.78@mail.ru