ДОНИШКАДАИ МО

Дар 15 соли фаъолияташ хеш аз як муассисаи кучак ба як таълимгоҳи калон мубаддал гашта, сол ба сол инфраструктураи он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон, базаи моддиву техникии инкишоф ёфта истодааст. Соли хониши 2020 ва равон дар сохтори донишкада якчанд тағйиротҳо ворид гардиданд. Миқдори кафедраҳо аз 15 ба 16 расида, шуъбаи аспирантура, шуъбаи тарбия, маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуд. Соли 2020 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Шӯрои олимон, 16 адад кафедраҳо, аз инҳо 6 адад кафедраҳои байнифакултавӣ ва 10 адад кафедраҳои тахассусӣ, 4 адад факултетҳо, раёсати муҳосибот, шуъбаи корҳои маъмури хоҷагидорӣ, шуъбаи таълим, шуъбаи илм, шуъбаи тарбия, шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ, шуъбаи аспирантура ва магистратура, шуъбаи умуми ва назорат, китобхонаи илмӣ- электронӣ, маркази бақайдгирӣ ва тестӣ, маркази ташхис ва хизматрасонии компутерӣ, шуъбаи дуюм, шуъбаи кор бо ҷавонон, шуъбаи ҳифзи меҳнат ва экология, фаъолият бурда истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Иттифоқи касаба, Шӯрои занону духтарон, Шўрои донишҷўён ва Шӯрои собиқадорони меҳнат фаъолият бурда истодаанд.