Сохтор

Дар 10 соли фаъолияташ хеш аз як муассисаи кучак ба як таълимгоҳи калон мубаддал гашта, сол ба сол
инфраструктураи он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон, базаи моддиву
техникии инкишоф ёфта истодааст. Соли хониши 2014-2015 ва 2015-2016 дар сохтори донишкада якчанд
тағйиротҳо ворид гардиданд. Миқдори кафедраҳо аз 13 ба 15 расида, шуъбаи аспирантура, шуъбаи
тарбия, маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуд. Соли
2015 дар ДКМТ Шӯрои олимон, 15 адад кафедраҳо, аз инҳо 6 адад кафедраҳои байнифакултавӣ ва 9 адад
кафедраҳои тахассусӣ, 3 адад факултетҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, шуъбаи таълим, шуъбаи илм, шуъбаи
тарбия, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи аспирантура, конселярия ва бойгонӣ, китобхона бо ҷузъи электронӣ,
маркази бақайдгирӣ, маркази ташхис ва хизматрасонии компутерӣ, шуъбаи дуюм, шуъбаи кор бо
ҷавонон, шуъбаи ҳифзи меҳнат ва экология, фаъолият бурда истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои
ҷамъиятӣ, ба монанди Иттифоқи касаба, Шӯрои занону духтарон, Шўрои донишҷўён ва Шӯрои
собиқадорони меҳнат фаъолият бурда истодаанд.
Сохтори ДКМТ