Кафедраи экология

 

 Мудири кафедра: Ҳочибоев Далер Дадоевич

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ: номзаил илмҳои техникӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ

Тел:  92 778 23 78

Email: daler_8788@mail.ru

Суроғаи корӣ: ш. Бӯстон, к. Московская 6, бинои асосӣ

 

 

 

 

 

 

 

  1. Таърихи ташкилёбии кафедра:

         Кафедраи Экологияи Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон, дар сохтори Факултети Металлургия буда, аз соли 2013 фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

         Кафедраи экология бо мақсади рушди нерӯи илмию техникӣ, ҷорӣ намудани навгониҳои соҳа дар раванди таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саъю кӯшиш намуда истодааст.

         Кафедра мутахассисони соҳаи экологияро аз рўи ихтисосҳои 330101-05 «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» ва 570102 “Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат” омода менамояд.

         Дар кафедраи Экология 7 нафар кормандон фаъолият мебаранд, 1 нафар доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М.М., 1 нафар доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А., 1 нафар номзади илмҳои химия, дотсент Мавлонов М., 1 нафар номади илмҳои теникӣ Ҳоҷибоев Д.Д. 2 нафар ассистентон ва Абдуллоева Т.Б. ва Азизов Ш.Қ.  фаъолият бурда истодаанд. Аз ҷумла 1 нафар муаллими калон Саксанова Н.А., дар арафаи ҳимояи номзадӣ қарор дорад.

         Роҳбарии мудири кафедраро Ҳоҷибоев Д.Д. аз санаи 01 майи соли 2019 ба ӯҳда дорад.  

         Иштирок дар лоиҳаҳои байналхалқӣ. Кафедраи Экологияи ДКМТ дар Лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок менамояд. Яке аз онҳо Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия мебошад, ки он вобаста ба самти идоракунии захираҳои обӣ мебошад.

Бо истифода аз ин имкониятҳо донишҷӯёни ихтисосҳои кафедраи Экология имконияти таҳсил намуданро дар Норвегия доранд. Аз тарафи ДКМТ ҳамасола донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзии тобистона ба Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия сафарбар карда мешаванд.  Ҳама машғулиятҳо дар Норвегия бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда аз донишҷӯ дараҷаи баланди донистани забони англисиро талаб менамояд.

Инчунин, олимони кафедраи экология аз соли 2011 инҷониб бо роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З.А. дар якчанд Лоиҳаҳои байналхалқӣ иштирок намуда буданд: “Таҳлили дараҷаи ифлосшавии обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ” (2011-2015); Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии Об” (2011 – 2015); «Тадқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ»  (2016-2019);

         Тибқи Лоиҳаи “Таҳлили дараҷаи ифлосшавии обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ” (2012-2015) ташкил намудани мониторинг нисбати муайян намудани 9 металлҳои вазнини асосӣ дар дарёи Сир дар муддати се сол ва баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавӣ ва кўчиши байнисарҳадии ин металлҳо дар дарё ва инчунин гузоштани асос барои мониторинги доимоамалкунанда дар минтақа ба назар гирифта шуда буд. Мақсади асосии Лоиҳа, ташкил намудани Лабораторияҳои аналитикии ҳозиразамон, ки имконияти муайян намудани миқдори металлҳои вазнинро доранд, дар ҳар як давлатҳои иштироккунанда буд.

         Профессорони кафедра д.и.т Розиқов З.А. ва Юнусов М.М бо аспирантон Ҳоҷибоев Д.Д.ва Шерматов Ҷ.Н. дар лабораторияи ДКМТ (2013)

          Айни замон Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии Об Евразия II” марҳилаи дуюм (2015 – 2019) давом дода истодааст. Ҳадаф ва самти фаъолияти Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об» мустақиман ба ду хулосаи муҳими қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ оид ба эъломияи Соли Байналмиллалии оби нўшокӣ (2003с.) ва Даҳсолаи байналмиллаии «Об барои ҳаёт» (2005-2015с.), “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028”  ки иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, равона шудааст. Мақсади ин лоиҳа ҳамоҳангсозии раванди таълими ихтисосҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва идоракунии захираҳои обии давлатҳои иштироккунандагон мебошад.  Лоиҳаи «Ҳамоҳангсозии об», дар натиҷаи робитаи деринаи Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия (ш.Аас) ва Донишгоҳи миллии техникии Украина «Донишкадаи политехникии Киев» ибтидо гирифта,  дар атрофи худ  донишгоҳҳоро аз 5 мамлакат дар шабақаи лоиҳавӣ муттаҳид намуд.

Дар Лоиҳа 12 донишгоҳҳо аз давлатхои Аврупо ва Осиёи Маркази иштирок меварзанд:

  1. Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия
  2. Донишгоҳои Давлатии технологии Белоруссия
  3. Донишгоҳи технологии Молдавия
  4. Донишгоҳи миллии техникиии Украина «Донишкадаи политехникии Киев»
  5. Донишгоҳи Давлатии технологии Черкасс
  6. Донишгоҳи давлатии химикӣ-технологии Украина
  7. Донишгоҳи давлатии Ҷанубии Қирғизистон
  8. Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон
  9. Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон
  10. Донишгоҳи миллии Қирғизистон
  11. Донишгоҳи байналмилалии “SILKWAY”
  12. Донишгоҳи Славянии Қирғизистону Россия

Мақсадҳои асосии Лоиха:

  • Ҳамкории олимони донишгоҳҳо-иштирокчиёни Лоиҳа дар корҳои илмӣ тадқиқотӣ;
  • Нашри китоби дарсии «Идоракунии захираҳои обӣ. Усулҳои физикӣ-химиявии об»
  • Таҷрибаомўзии донишҷўён дар Норвегия;
  • Ворид намудани модулҳо ба нақшаи таълимии ихтисосҳо: (Асосҳои физикӣ-кимёвии усулҳои коркарди об; Тозакунии обҳои шоранда; Идоракунии захираҳои обӣ)
  • Омода намудани дастурҳои таълимӣ;
  • Таҷҳизонидани ва пурзўр намудани базаи моддӣ-техникии донишкадаҳо.

         Вобаста ба мавзўъҳои Лоиҳа дар ҳамоҳангӣ бо шарикон, зиёда аз 10 конфронси байналхалқӣ аз он ҷумла дар Тоҷикистон (моҳи октябри соли 2012, 2018) гузаронида шуда, 225 мақолаҳо, маърўзаҳову фишурдаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ-техникӣ ва дар маводҳои конфронсу семинарҳо ба чоп расиданд, бархе аз онҳо дорои патентҳо шуданд. Ҳамаи иштирокчиёни Лоиҳа имконияти истифодабарӣ аз шабакаҳои байналмилаллӣ ва маводҳои илмиро доштанд.

Семинари байналхалқӣ бо иштироки олимони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, 2018, ш.Бӯстон (тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия)

         Тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии об Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон ҳар сол 2 нафар донишҷўёни лаёқатманди соҳаи омодакунии об таҷрибаомўзии тобистонаро дар пойгоҳи Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия гузарониданд;

Соли 2012 – Иброҳимӣ Хушнуда; Абдусамиев Исо;

Соли 2013 – Норқўзиев Хушрўз; Муродов Шаҳзод;

Соли 2014  – Миҷгонаи Сайфулло; Ашуров Азим

Соли 2016  – Маъмуров Акрам

Соли 2017 Субҳонқулов Субҳонқул; Юлдошев Хуршед

Соли 2018 Содиқова Нилуфар; Пулатов Абдурасул; Косимов Шокир; Мирзоев Мастон;

Соли 2019 Ҷураев Илҳом; Қаландаров Ҳусейн

 

Иштирок дар Анҷумани байналхалқӣ. Соли 2019 бо даъвати Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) ва Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия аз санаи 01-уми декабр то 08-уми декабри соли 2019,  профессори кафедраи экология, ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии об II”- Розиқов З.А.  ва мудири кафедраи экологияи донишкада – Ҳоҷибоев Д.Д. дар анҷумани байналхалқӣ оид ба рушди захираҳои об, ки дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка баргузор гардид, иштирок намуданд.

Анҷумани мазкур аз тарафи Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) ташкил карда шуда аз  санаи 01 то 05 декабр идома ёфт, он аз кушодашавии тантанавӣ, баромадҳои пленарӣ ва кори сессияҳо иборат буд. Бояд қайд намуд, ки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷиқистон расман моҳи декабри соли 2018 ба ин ташкилоти бонуфуз қабул шуда буд.

Кори Анҷуман аз бисёр сессияҳо иборат буд, ки дар он зиёда аз 3000 нафар олимону истеҳсолотчиён, кормандони соҳаи илму таълим, навоварон ва мутахассисони соҳаи об, саноат ва хоҷагии қишлоқ аз 90 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.  Маърӯзаҳо асосан дар самтҳои: таъминот ва тақсимоти оби нӯшокӣ, санитария, идоракунии захираҳои обӣ, оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, тозакунии обҳои шоранда ва ғайра шунида шуданд. 

Дар давоми кори анҷуман 64 семинарҳо, 12 форум, 1 симпозиум ва 6 маърӯзаҳои асосӣ вобаста ба оби нӯшокӣ, тозакунии обҳои шоранда, барқароркунии захираҳо, идоракунии партовҳо, идоракунии захираҳои обӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувори СММ баргузор гардиданд. Инчунин, 100 муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз тамоми кишварҳои дунё дар намоишнома стендҳои худро вобаста ба самтҳои Анҷуман гузошта буданд.

Дар сессияҳо маърӯзачиён аз ҳамаи кишварҳои дунё иштирок варзиданд. Дар рафти ин чорабинӣ аз тарафи Директори Генералии Иттиҳоди байналхалқии Об (IWA) профессор Kalanithy Vairavamoorthy ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон сертификати аъзогӣ супорида шуд.

 Дар сессияи бахшида ба сифати оби нӯшокӣ кормандони ДКМТ фишурда бо мавзӯъи “Баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии дарёи байнисарҳадии Сирдарё” баромад намуданд, ки он дар маҷмӯи маводҳои анҷуман  ба чоп расид, ҳамчунин дар сессияи бахшида ба пешравии интернатсионаликунонии маълумоти олӣ дар соҳаи об барандагӣ намуданд. 

 

  1. Ҳайати омӯзгорони кафедра (бо қайди вазифа ва унвони илмиашон)

         Юнусов Музафар Мамадҷонович – доктори илмҳои химия, профессор, Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, аъзо корреспонденти Академияи Муҳандисии байналхалкӣ;

         Розиқов Зафар Абдуқаҳорович – доктори илмҳои техникӣ, профессор, Академики академияи муҳандисии байналхалкӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон

         Мавлонов Маннон – номзади илмҳои химия, дотсент.

         Саксанова Наима Абдуҷаборовна – омӯзгори калони кафедра.

         Абдуллоева Таҳмина Баҳромовна – ассистенти кафедра;

         Азизов Шерафкан Қурбонович – ассистенти кафедра;

 

  1. Самтҳои омодасозии мутахассисон-ихтисосҳо (номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯи он кафедра мутахассис тайёр мекунад):

            Кафедраи Экологияи ДКМТ мутахассисонро дар ду самт омода менамояд: 330101-05 Ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва  570102  – Менеҷменти экологӣ ва аудит.

         Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандгони ихтисоси «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист» – ин коркард, лоиҳакашӣ, сохтан, ба истифода додан ва такмили техника ва технологияи ҳифзи табиат, ташкил ва идоракунии корҳои муҳофизати табиат дар корхонаҳои саноатӣ ва дар комплексҳои минтақавии – саноатӣ буда, бо экспертизаи лоиҳаҳо, технологияҳо ва истеҳсолот, сертификатсияи маҳсулотҳо бо мақсади ба дастовардани бехатарии экологӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.

       Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисоси “Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат”  ин тартиб  додани чораҳо оиди мукаммал намудани системаҳои удоракунии муҳити атроф ва фаъолияти корхона оиди ҳифзи муҳити атроф; иҷроиши корҳо оиди эксплуататсия ва назорати амал кардани таҷҳизотҳои ҳифзи муҳити зист; корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва эксперименталӣ нисбати мукаммал намудани технологияҳо ва таҷҳизотҳои бо назардошти омилҳои иқтисодӣ ва оқибатҳои экологӣ, коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳо ва маҳсулотҳои инноватсионӣ ба истеҳсолот мебошад.

 

  1. Фаъолияти таълимӣ (номгӯи курсҳое, ки аз тарафи устодони кафедра хонда мешаванд (барои бакалаврон, магистрантон ва аспирантон):
  2. Азнавбарқароркунии заминҳои вайроншуда ва кадастри замин
  3. Асосҳои микробиология ва биотехнология
  4. Асосҳои назариявии ҳифзи муҳити зист
  5. Бехатарии фаъолияти ҳаёт
  6. Бехатарии фаъолияти инсон дар истеҳсолот
  7. Идоракунии ҳифзи муҳити зист
  8. Истифода ва ҳифзи манбаъҳои обӣ
  9. Муқаддимаи ихтисос (330101-05, 570102)
  10. Партовҳои саноати металлургӣ
  11. Сарфакорона истифодабарии сарватҳои энергетикӣ
  12. Системаҳои техногенӣ ва хатарҳои экологӣ
  13. Таълимот оиди атмосфера
  14. Таълимот оиди гидросфера
  15. Техника ва технологияи муҳофизати атмосфера
  16. Усулҳои муосири назорати химиявӣ
  17. Физиологияи одам
  18. Химияи муҳити атроф
  19. Ҷараён ва таљҳизоти ҳифзи муҳити зист
  20. Ҷараёнҳои физикавӣ ва химиявӣ дар муҳити атроф
  21. Экология
  22. Экология ва бехатарӣ дар партовгоҳҳои радиоактивӣ ва металлҳои вазнин
  23. Экология ва бехатарии истеҳсолотҳои кўҳӣ-металлургӣ
  24. Экологияи муҳандисӣ
  25. Экологияи об
  26. Экологияи радиатсионӣ
  27. Экологияи саноатӣ
  28. Экологиякунонии технологияҳо ва истеҳсолоти бепартов

 

  1. Китобу дастурҳои таълимӣ барои кӯмак ба донишҷӯён (номгӯи адабиётҳои асосӣ барои донишҷӯён):
  2. Вернадский В.И. Биосфера – М: Мысль,1967. – 376с.
  3. Мақсадов Ҳ., Саидов М., Қодиров А. Экологияи умумӣ – Душанбе: Эр-Граф, 2014.-104саҳ
  4. Винокурова Н.Ф., Трушин В.В. Глобальная экология – М., 1998. 304 с.
  5. Воронков Н.А. Экология общая, социальная, прикладная. – М.,1999. – 424с.
  6. Вронский В.А. Прикладная экология.- Ростов на Дону: Феникс, 1996. – 422с.
  7. Забиров Р.Г. Экология. Китоби дарсӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. .- Душанбе. Эр-Граф. 2013.- 480 с.
  8. Абдулвахобов А. Экология : учебное пособие . – Душанбе : ЭР-граф, 2003
  9. Колесников С.И. Экологические основы природопользования – М.: Изд. центр «Март», 2005. -336с.
  10. Одум Ю. Экология: пер. с англ., Т. 1-2.-М.: Мир, 1986. Т.1- 328с; Т.2 – 376с.
  11. Промышленная экология. / Под ред. В.В. Денисова. – М.: Изд. Центр «Март» , 2009. – 720 с.
  12. Розанов Б.Т. Основы учения об окружающей среде. – М.: Изд-во МГУ , 1984. – 376с.
  13. Калыгин В.Г. Промышленная экология: учебное пособие для студ. вузов. / В.Г. Калы-гин.– М.: ИЦ «Академия», 2004. – 432 с.
  14. Акинин Н.И. Промышленная экология: принципы, подходы, технические решения: учеб. Пособие /Н.И. Аникин.- Долгопрудный: И.Д. «Интеллект», 2011.-312 с
  15. Гарин В.М. Экология для технических вузов. / В.М. Гарин, И.А. Кленова, В.И.Колесников. Под общ. ред. В.М. Гарина. – Ростов н/Д.: Феникс, 2003 – 384 с.
  16. Мазур И.И. Курс инженерной экологии: Учебник для студ. вузов/ под ред. И.И. Мазура. – М.: Высш. шк., 1999. – 447 с
  17. Зери тахрири И.М. Астрелин ва Х.Ратнавира. Усулхои физики-химиявии тозакунии об. Идоракунии захирахои оби: –  Хучанд: Хуросон, 2015. – 648 сах.

 

  1. Илм (монография ва дастурҳои таълимие, ки аз тарафи устодони кафедра ба чоп расидаанд):
  2. Фильцев Ю., Ларин В., Разыков З.А. и др. «Пионеры секретного атома» (50 лет первенцу атомной промышленности СССР по добыче и переработке урана в Таджикистане, 1945-1995 гг.) – Чкаловск: издание ПО «Востокредмет» (Таджикистан), 1995. – 69с.
  3. Разыков З.А. Экология уранперерабатывающего предприятия / учебник – Худжанд: Монография, 1999 г.-184стр.
  4. Разыков А.А., Гусаков Э.Г., Марущенко А.А., Ботов А.Ю., Юнусов М.М. Урановые месторождения Таджикистана. – Худжанд: ООО «Хуросон», 2001. – 212 с.
  5. Разыков З.А., Гусаков Э.Г., Беззубов Н.И., Юнусов М.М. Производство ферромолибдена / учебное пособие – Худжанд: издат. Хуросон, 2005. 108 стр.
  6. Астрелин И.М., Ратнавира Х., Герасимов Е., Разыков З.А, и др. Физико-химические методы очистки воды. Управление водными ресурсами / учебное пособие – Киев: ООО НПП «Ника-Центр», 2015. – 613 c.
  7. Астрелин И.М., Ратнавира Х., Герасимов Е., Разыков З.А, и др. Усулҳои физикї-химиявии тозакунии об. Идоракунии захираҳои обї / учебное пособие – Худжанд: ООО «Хуросон», , 2015. – 640 c.