Хатмкардагони ДКМТ дар корхонаҳои истеҳсолии Русия

Санаи 15 октябри соли ҷорӣ дар кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни бахши 3, ихтисоси 510201-04 Коркарди корҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ) бо хатмкардаи соли 2016 ихтисоси 510202 “ коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” Эгамов Хуршед сурат гирифт.  Эгамов Хуршед ҳоло дар Федератсияи Россия дар корхонаи “Инкомнефт” вазифаи технологро ба ӯҳда дорад. Ӯ зимни вохӯрӣ аз замони донишҷӯияш  дар  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ёдовар шуда, баъд аз хатми донишкада ба хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуда, сипас  ба фаъолияти корӣ оғоз намуд.

Хуршед қайд намуд, ки дар корхонаи мазкур комиссияи доимамалкунанда аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва раёсат таъсис дода шудааст ва коргаронро тариқи саволу ҷавоб ва санҷиши дониши онҳо ба кор қабул мекунанд. Вай аз шароити корӣ сухан гуфта, изҳор намуд, ки  ҳуҷҷатгузорӣ ба пуррагӣ аз тарафи корхона ба роҳ монда шудааст, коргарон бо либосҳои кории мавсимӣ таъмин карда мешаванд. Дар корхонаи мазкур донишҷӯён-хатмкардагони солҳои 2012-2018 дар вазифаҳои технолог , муҳандис, пармачӣ фаъолият намуда истодаанд.  Мавсуф зиёр кард, ки талабот нисбати ихтисоси пармакунии чоҳҳои нафту газӣ, таъмири ҷорӣ ва капиталии чоҳҳо, пармачӣ, ёрдамчии пармачӣ зиёд мебошад. Баъди хатми донишкада мутахассисони ихтисоси корҳои пармакунӣ метавонанд озодона дар корхонаҳои саноатии соҳавии нафту газ ҷойи корӣ пайдо намуда, озодона фаъолият намоянд.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки ихтисоси мазкур барои кушодани конҳои канданиҳои фоиданок, усулҳои мустаҳакамкунии чоҳҳо, пармакунии чоҳҳои нафту газ дар шароитҳои мураккаб усулҳои ташхиси маҳлулҳои пармакуниро дар бар гирифта, вазъро барои таъмин намудани мутахассисон мусбӣ арзёбӣ намуд.

Зимни вохӯри мубодилаи озод сурат гирифт, ки дар ин ҳошия донишҷӯён ба Эгамов Х. оид ба шароити корӣ, маош, ҳуҷҷатгузорӣ саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Эгамов Х. зикр намуд, ки дар корхонаи мазкур  2 моҳ коргарон кор мекунанд ва 1 моҳ онҳо ба зодгоҳашон барои истироҳат фиристонида мешаванд, ки 70%-и харҷи роҳ аз ҷониби корхона пардохт карда мешавад. Ҳамчунин  коргарон дар корхонаи “Инкомнефт”   бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.

Донишҷӯён аз вохӯрӣ қаноатманд гардида, меҳру муҳаббаташон нисбати касби интихобкардаашон боз ҳам зиёдтар гардид. Зеро дипломи Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ ҳам қабул карда мешавад ва хатмкунандагони ин даргоҳи илм ҳаргиз бекор намемонанд.

          Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар шароити кунунӣ хеле муҳим буда, дар оянда барои интихоби ҷойи кор ва омӯзиши вазъи корхонаҳо ба хатмкунанда мусоидат менамояд.

                                                         А. Олимов,

                                         мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ