Донишкадаи конфутсий

Директори ДК дар назди ДКМТ: Валиева Мастура Набихоновна                      

Таҳсил: Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва арабӣ

Тел: +99292 200 96 66

E-MAIL: mastura.valiyeva@mail.ru

Суроғаи корӣ: куч. Баротов 6, бинои 2

Директори ДК дар назди ДКМТ: Жен Гентян                      

Таҳсил: Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Москва, дараҷаи магистр

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва украинӣ

Тел: +99292 000308688

E-MAIL: rengengtian@upc.edu.cn

Суроғаи корӣ: куч. Баротов 6, бинои 2

Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Дафтари Марказии Институтҳои Конфутсий барои рушд ва дастгирии омӯзиши забони хитоӣ, инчунин устувор гардонидан ва инкишоф бахшидани робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ва илмӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона байни халқҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Мардумии Чин, дар чорчӯбаи чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва доираи Барномаҳои ҳамкории ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Мардумии Чин 13 сентяюри соли 2014 ба имзо расид.

         20 августи соли 2015 байни ДКМТ ва Донишгоҳи нафти Чин Шартнома оиди таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана баста шуд.

         Мақсад ва вазифаҳои асосии Донишкада инҳо мебошанд:

  • Густариши муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, рушди ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон ба воситаи омӯзиши забон ва фарҳанги Хитой;
  • ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи маорифу илм, татбиқи барномаҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисон, хамкорӣ оид ба давом додани омӯзиш дар магистратура ва аспирантура бо муассисаҳои таълимии Хитой ва ғайраҳо..

Донишкадаи Конфутсий фаъолияти худро расман аввали соли 2016 шурӯъ намуд. Айни замон дар Донишкада курсҳои омӯзиши забони хитоӣ ташкил карда шуда, садҳо шунавандагон ин курсҳоро хатм намуданд ва соҳиби сертификат гардиданд. Донишкада ҳуқуқи қабул кардани имтиҳони байналхалқӣ оид ба дониши забони хитоӣ, ки HSK ном дорад, соҳиб мебошад. Хатмкунандаҳои курсҳои омӯзиши забони хитоӣ баъди анҷом додани дарсҳо метавонанд дар  Донишкада имтиҳон супорида соҳиби дараҷаҳои 1-6 HSK гарданд.