Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок

Мудири кафедра

Номзади илмҳои геология минерология

Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович

E-mail: gornyak_0902@mail.ru

 

Аз таърихи кафедра

Кафедраи коркарди зеризаминии канданиҳои фоиданок ва  иктишофи канданиҳои фоиданок ба солҳои 1952-1953 ҳанӯз дар замони фаъолияти коллеҷи Осиёимиёнагӣ рост меояд, аммо бунёди кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ба замони соҳибистиқлолӣ ва пас аз таъсиси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  мутааллиқ аст.  Вақте ба таърихи бунёди кафедра дида медӯзем дар 2. 01. 2003 бо Фармони директори Коллеҷ дар натиҷаи ба ду кафедра тақсим шудани кафедраи умумитехникӣ бо номи кафедраи кўҳӣ-металлургӣ ташкил карда шудааст. Пас аз таъсисёбии ДКМТ дар асоси Оиномаи Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон, кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо қарори №1-и Шўрои олимони донишкада аз 29 октябри соли 2006 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асосии Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Ин кафедра тахассусӣ ба шумор рафта, ихтисосҳои  510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, 510201-01 – корҳои кушоди кўҳӣ, 510201-02 – корҳои зеризаминии кўҳиро дар бар мегирифт ва аз 2 сентябри соли 2008 ин кафедра ба факултети корҳои кўҳӣ вобаста карда шуда, соли 2009 ба сохтори кафедра тағирот ворид гашт ва бо фармоиши ректори донишкада аз 5 сентябри соли 2009 ихтисоси 5102 01-03 – тоза кардани канданиҳои фоиданок, ки то ин муддат дар сохтори кафедраи металлургӣ буд, ба кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок  гузаронида шуд.

Аз соли 2007 вазъи таъминоти кадрии кафедра хеле ташвишовар буд, аз 11 нафар омӯзгорони таълимдиҳанда танҳо 2 нафар штатӣ буда,  2 нафарашонро муштараквазифаи дохилӣ ва 7 нафарашонро муштараквазифаи беруна ташкил медоданд, ки дар ин миён мутахассисони соҳавӣ низ сафашон хеле кам буд. Аз ин рӯ зарурат пеш меомад, ки ҳарчӣ тезтар аз ҳисоби хатмкунандагони соҳа сафи кормандони илмӣ-педагогии кафедраро таъмин намоянд. Зина ба зина ин масъала ҳалли худро ёфт. Аз аввали соли таҳсили 2012 кафедра бо мутахассисони соҳавӣ таъмин гардида, аз оғози соли таҳсили 2016 пурра сафи кормандони кафедраро омӯзгорони доимӣ ташкил намуданд. Баъд аз таъмин гардидани кафедра бо омӯзгорони соҳавӣ зарурати омодасозии мутахассисони илмӣ-педагогӣ пеш меояд, ки ин ҳам зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст. Айни замон дар кафедра 4 нафар номзади илм, 5 нафар ассистент,1 нафар мудир лаборатория, 1 нафар лаборант,  фаъолияти илмӣ- педагогии худро пеш бурда истодаанд.

Дар давоми 15 сол кафедраро инҳо роҳбарӣ намудаанд: Абдураҳимов Баҳриддин (сентябри соли  2006. то сентябри соли 2007); Нурматов Раҳимҷон (сентябри соли 2007 то августи соли 2008); Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович (аз сентябри соли 2008 то августи соли 2009); Тўхтасунов Обиддин (аз сентябри соли 2009 то августи соли 2010); Самадова Гулӣ Мирҷоновна (аз сентябри соли 2010 то декабри соли 2010); Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович (аз декабри соли 2010 то апрели соли 2013); Осими Оќил (аз майи 2013 то августи соли 2014); Самадова Гулӣ Мирҷоновна (аз сентябри соли 2014 то сентябри 2017); Осими Оќил (аз сентябри 2017 то апрели 2021); Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович(аз апрели 2021 то ҳол);

 

 

Самтҳои омодасозии мутахассисон-ихтисосҳо

Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок аз рӯи ихтисосҳои 510201-01- корҳои кушоди куҳӣ, 510201-02 –корҳои зеризаминии куҳӣ, 510201-03- тоза кардани канданиҳои фоиданок мутахассисонро омода месозад.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 510201-01 – корҳои кушоди кӯҳӣ таҳсил мекунанд, оид ба кушодани кон, омӯхтани равандҳои корҳои кушоди куҳӣ, татбиқи марҳилаҳои раванди корҳои кушод, хушккунии кони кушод, интихоби дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои кони кушод, омӯхтани элементҳои ва параметрҳои кони кушод, ба нақша гирифтани параметрҳои конҳои кушод, ташкили корҳои пармагариву тарконидани маъдан, истифодабарии самаранокии равандҳои технологӣ дар кони кушод: боркунӣ, кашонидан, ҷойгиркунии ҷинсҳои куҳӣ ба майдони хоктӯда, омодасозии сатҳи майдони кони кушод барои низоми истихроҷ, коркард ва бартарафкунии ҷинсҳои нолозимаи таркиби маъдан, муайянсозии захираҳои геологии кони кушод, интихоби дастгоҳи парма кунӣ аз рӯи шароити куҳӣ-геологӣ, тартиби иҷрои корҳои пармакунӣ, муайянсозии ҳаҷми ҳосилнокии корҳои истихроҷии кони кушод, нармкунии механикии ҷинсҳои куҳӣ, усули гидравликии коркарди ҷинсҳои куҳӣ, омодасозии роҳҳои нақлиётӣ, ғункунии ҷинсҳои куҳӣ, гузаронидани хандакҳо, гузаронидани нақбҳо ва истифодабарии нақбҳо дар кони кушод, интихоби низоми истихроҷи кони кушоди куҳӣ, ҳисоб кардани коэффитсиенти манфиатнокии иқтисодии низоми истихроҷ дар кони кушод тасаввурот пайдо карда амалиёти боло зикршударо иҷро менамоянд.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 510201-02- корҳои зеризаминии куҳӣ таҳсил мекунанд оид ба интихоби низоми истихроҷи зеризаминӣ барои коркард ва истихроҷи маъдан, механизатсиякунони ва ташкили корҳои истихроҷи маъдан, кашонидан ва баровардани ҷинсҳои куҳи, масъалаҳои идора намудани ҷинсҳои куҳи, равандҳои ёрирасони истеҳсоли, усулҳои тадқиқот ва балоиҳагирии равандҳои истеҳсолӣ, кандани маъдан бо усулҳои механикӣ ва ғайримеханикӣ, корҳои тарконидан барои истихроҷи маъдан, усулҳои гидравликии кандани маъдан, васлу насби нақбҳои куҳӣ, мустаҳкамкунии нақбҳои куҳӣ бо воситаи маводҳои мустаҳкамкунандаи нақб, ҷойгиркунии роҳи оҳан барои ҳаракати нақлиётҳои маъданкашони роҳи оҳанӣ, таъмир ва барқароркунии нақбҳои куҳӣ, ҳифзи амборҳои нигаҳдории маводҳои тарканда, назорати интизоми меҳнат ва риояи қоидаҳои ягонаи бехатарӣ дар шахтаҳо тасаввурот пайдо карда амалиёти боло зикршударо иҷро менамоянд.

Мутахассисоне, ки дар ихтисоси 510201-03 – тоза кардани канданиҳои фоиданок таҳсил мекунанд оид ба омодасозии маъдан барои ғанигардонӣ, усулҳои асосии ғанигардонӣ (тозакунии маъдан аз ҷинсҳои бесамар) ва равандҳои ёрирасони бойгардонӣ, гузаронидани равандҳои поракунии маъдан, ғалберкунии маъдан, майдакунии маъдан ва таснифоти ҷинсҳои куҳӣ, гузаронидани усули бойгардонии гравитатсионӣ, флотатсионӣ, магнитӣ, барқӣ ва махсуси маъданҳо, интихоби равандҳои ёрирасони бойгардонӣ: ғализгардонӣ, полоидан, хушккунӣ ва ҳамлу нақли маҳсулотҳои бойгардонӣ, тайёрнамоии реагентҳои кимиёвӣ барои бойгардонии маъдан, фаъолият дар сехи таъмири дастгоҳҳои техникии фабрикаи маъдантозакунӣ, санҷиши равандҳои техникии ғанигардонӣ, назорати пойгоҳи обтаъминкунии фабрикаи маъдантозакунӣ, назорати равандҳои технологии бойгардонӣ, назорати таъмини ҳавои тоза дар сехҳои омодасозии маъдан, назорат ва нигаҳдории реагентҳои кимиёвӣ дар анборҳои махсус тасаввурот пайдо карда, амалиёти боло зикршударо иҷро менамоянд.

Маълумот оиди хатмкардаҳо

Дар соли 2011 аввалин хатмкунандагони кафедра соҳиби дипломи муҳандисӣ гардиданд. Дар соли таҳсили 2006-2011-84 нафар, 2007-2012-40 нафар, 2008-2013- 83 нафар, 2009-2014 – 73 нафар, 2010-2015 -52 нафар, 2011-2016 – 57 нафар, 2012-2017-106 нафар, 2013-2018 -111 нафар, 2014, 2015-2019-55 нафар, 2016-2020 – 63 нафар ва дар маҷмӯъ то имрӯз 724 нафар ихтисосҳои марбути кафедраро хатм кардаанд.

 

Базаи моддӣ-техникии кафедра

Соли хониши 2014-2015 бо дастгирии Раёсати донишкада барои ташкили озмоишгоҳҳо, аз корхонаҳои кўҳӣ таҷҳизотҳо оварда шуданд ва озмоишгоҳи “Тоза кардани канданиҳои фоиданок” таъсис дода шуд, ки имрӯз машғулиятҳои озмоишии донишҷӯёну аспирантон дар инҷо ба роҳ монда шудааст.

Сармуаллимаи кафедра Самадова Гулӣ Мирҷоновна санаи 16.06.2016с., Осими Оқил санаи 04.10.2017с дар  Шӯрои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ ва Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович санаи 03.04.2020с дар Шӯрои дисертатсионии 6D.KOА-047 дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои АИ ҶТ ҳимоя намуданд.

Самтҳои илмӣ тадқиқотии кафедра:

  • Мукаммалгардонии технологияи истихроҷи зеризаминии майдони конҳои Зарнисор;
  • Мукаммалгардонии технологияи истихроҷи зеризаминии майдони конҳои Зарнисор;
  • Мукаммалгардонии технологияи ғанигардонии маъданҳои сурб ва руҳӣ конҳои Зарнисор;
  • Интихоби нақшаи самараноки реҷаи реагентӣ ҳангоми ғанигардонии маъданҳои сурбу руҳ;

Айни замон дар назди кафедра 18 нафар магистрантон дар бахшҳои 1 ва 2 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки пайваста мақолаҳои илмиашон дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба табъ мерасанд.

Аз аввали таъсисёбии кафедра то имрӯз аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд, ки аз ин шумора 50 адади онро мақолаҳои дар қайди журналҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистонбуда ташкил медиҳад.   

Чорабиниҳои кафедра

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “Кӯҳкани ҷавон” фаъол аст, ки тибқи нақша ҳар моҳ як маротиба гузаронида шуда, натиҷаи он тариқи расонаҳои иттилоотӣ инъикос мегарданд. Дар ин маҳфил зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни болаёқат ҷалб гардидаанд ва муаммоҳои мавҷудаи соҳаро бо нигоҳи тоза мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Ҳамкорони кафедра дар таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ

  • ҶМТКММ «Апрелевка»;
  • ҶДМТАКМ «Анзоб»;
  • ҶСККМ «Адрасмон»;
  • ҶДММ КМ «Зарафшон»;
  • ҶММ «Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой»;
  • ҶСК «Ангишт»;
  • КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»;
  • КМ ҶММ «Хуаксин Ғаюр Суғд Семент»;
  • КФ «Шахтаи Фон-Яғноб”;
  • КВ «Экспедитсияи иктишофӣ-геологии Моғиён»;
  • КВ «Экспидитсияи комплексии геологии Қайроққум»;

КМКДҶ «Тиллои тоҷик».Барои робитаи ногусастанӣ ва пайванди ҳамешагии илм бо истеҳсолот дар назди корхонаи ҶМТКММ «Апрелевка» филиали кафедра ташкил карда шудааст.

 

Дастовардҳои устодони кафедра

Дар муддати ин солҳо аз ҷониби устодони кафедра 7 нахустпатенти ихтироъот ба даст овардашуда, дар соли 2016 аз ҷониби  устоди кафедра Осими Оқил дипломи дарачаи 1-и ихтироъкори бехтарини соли 2016 ба даст оварда шуд. 

Патентҳои ихтироот:

  1. Осими Оқил. Тарзи ба дастоварии силуминҳои ба зангзанӣ тобовар;- №TJ 726, аз 31.03.2014;
  2. Осими Оқил. Тарзи модификатсиякунонии силуминҳои саноатӣ барои баланд бардоштани хосиятҳои механикӣ ва аккустодемпфиронӣ;- №TJ 712, аз 6.03.2014;
  3. Осими Оқил. Тарзи баланд намудани устувории хӯлаҳои алюминий бо кремний ба оксидшавии баландҳароратӣ;- №TJ 777, аз 11.12.2015;
  4. Самадова Г.М. Композиция барои тайёр намудани маҳсулоти садо ва гармигузаронанда; -№ TJ 770, аз 14.04.2016;
  1. Тарзи ҷудокунии тилло аз флотоконсентрати сулфидӣ -№TJ 955, аз 2.07.2018, Маҳмудов Ҳ.А.
  2. Тарзи ғанигардонии флотатсионии маъданҳои полиметаллӣ-№TJ 1088, аз 2.07.2019, Исоева А.Т.
  3. Тарзи ғанигардонии флотатсионии маъданҳои сурбу рӯҳдор-№TJ 1131, аз 2.07.2019, Бадалов Ҷ.Н.

Монография ва китобҳои чопшуда

Осими Оқил. Фарҳанги истилоҳотии корҳои куҳӣ. Хуҷанд. 2014;

Осими Оқил, Боев М.Б. Қоидаҳои бехатарии кор дар конҳои ангишт.(дастури таълимӣ)           Бӯстон, 2017с.

Назаров Х.М., Низомов С.Б., Осими Оқил. Ғанигардонии канданиҳои фоиданок.(дастури таълимӣ) Хуҷанд. 2018с.

Назаров Х.М., Осими Оқил. Ҳавотозакунии нақбҳои зеризаминӣ. (китоби дарсӣ). Хуҷанд.2019с.

 Назаров Х.М., Осими Оқил. Силумины, модифицированные сурьмой. Монография.//- Худжанд. 2019с.

Самадова Г.М., ва ҳаммуаллифон. Физико- химические основы получения теплоизоляционных материалов из отходов хлопкового производства и вспученного перлитового песка. Худжанд. 2019с.

Осими Оқил, Боев М.Б. Гузаронидан ва мустаҳкамкунии нақбҳои зеризаминии кӯҳӣ.           (дастури таълимӣ) Хуҷанд.2021с.

Ҳайати донишҷӯёни кафедра

 Ҳоло дар ихтисосҳои марбути кафедра бахши 1-ум 101 нафар, дар бахши 2-ум  42  нафар, дар бахши 3-ум 41 нафар ва дар бахши 4-ум  42 нафар дар маҷмӯъ бо шумори муҳассилини шӯъбаи ғоибона 330 нафар мутахассисони соҳаи коркарди зеризаминиву кушод ва бойгардонии маъдан таҳсил карда истодаанд, ки аз ин шумор 93 нафар дар риштаи буҷавӣ ва 237 нафар дар риштаи шартномавӣ мебошад.