Олимпиада

Санаҳои 11-13 марти соли 2015 дар ш.Душанбе Олимпиадаи донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти олии
касбии Ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор
гардид. Донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд, Субҳонқулов Субҳонқул донишҷӯи бахши
2 ихтисоси 510201-02 факултаи корҳои куҳӣ соҳиби дипломи дараҷаи 2 гашт ва боқимонда донишҷӯён
бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.Инчунин санаҳои 7-8-уми майи соли 2015 дар
ш.Душанбе даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада донишҷӯёни
донишкада саъйу кӯшиш намуда фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 430102-03
факултаи энергомеханика ба дипломи дараҷаи 2 сазовор гашт. Дигар донишҷӯёни донишкада низ бо
тӯҳфаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.