Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот

Юсупов Хуршедҷон Маҳмудҷонович

Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ: номзади илми иқтисод, дотсент

Телефон: +992(92) 808-37-37 Email: kiberweb12@mail.ru

 

Мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот

Абдуллоева Дилафруз

Телефон: +992(92) 901-00-99

Маълумоти умумӣ

Бахши идоракунии сифати таҳсилот чун љузъи таркибии  раёсати таълими  Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.  

 Бахш дар фаъолияти худ ҳуљљатҳои меъёрии Агентии назорат   дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳои Шўрои олимони донишкада ва низомномаи бахши идоракунии сифати таҳсилотро ба роҳбарӣ мегирад.

Мақсад ва вазифаҳои асосии бахш

 Бахши идоракунии сифати таҳсилот  дар донишкада бо мақсади ташкили назорат, таҳлил, муайян намудани вазъи воқеъӣ ва дурнамои беҳдошти сифати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазир;

  • Идоракунии сифати таҳсилот дар шакли гузаронидани мониторинги низоми сифати тайёр намудани мутахассисон ва муайян намудани масъалаҳои ба баланд бардоштани сифати таҳсилот алоқаманд;
  • Ҷамъоварӣ, коркард, нигохдорӣ ва паҳнкунии иттилоот, ҷиҳати муайян намудани рейтинги омӯзгорон, кафедраҳо ва факултетҳо;
  • Таҳияи барномаҳои гузаронидани мониторинги сифати тайёр намудани мутахассисон аз рўи самт (ихтисос)-ҳои марбути донишкада, вобаста ба зинаҳои гуногун  (бакалавр, мутахассис, магистр, доктор Phg) дар донишкада.
  • Такмил додани сафати барномаҳои таълимии самт (ихтисос)-ҳои Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади таъмин гардонидани мутобиқати онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ.
  • Мониторинги фаъолияти омӯзгорону кафедраҳо оид ба таҳия намудани маводҳои таълимӣ (барномаҳои кории фан (Syllabus)-ҳо, комплексҳои таълимӣ методӣ (КТМ)-ҳо, дастурҳои методӣ, презентатсияҳо ва муайян намудани мувофиқати мазмуну мундариҷаи онҳо ба талаботи стандартҳои далатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рўи самт (ихтисос)-ҳо;

 Самтҳои фаъолиятии бахш

 Таҳияи талаботи меъёрӣ барои омўзгорони донишкада дар самти амалӣ гардонидани корҳои назоратию баҳогузорӣ ба дараҷаи донишандўзӣ ва салоҳиятнокии донишҷӯён;

  • Таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати гузаронидани машғулиятхои лексионӣ, амалӣ, лабораторӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷў бо роҳбарии омўзгор;
  • Таҳлили мунтазам ва обеъктивонаи раванди таълим ва дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби донишҷӯён тибқи талаботҳои стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ;
  • Ба вуҷуд овардани базаи маълумот бо истифода аз шабакаи Интернетӣ, китобхонаи электронӣ ва ғайра барои таъмини мониторинги сифати таҳсилот.
  • Иштирок дар аттестатсияи касбии омўзгорони самт (ихтисос)-ҳои амалкунандаи Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон.
  • Гузаронидани тарзҳои гуногуни назарпурсӣ дар байни донишҷўён ва омўзгорони Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон оид ба муайян намудани масъалаҳои дар раванди таълим ҷойдошта;
  • Таҳия ва истифодаи усулҳои муосири назорат ва таҳлили сифати таълим;

Таҳия намудани маълумот ва ҳисоботи семоҳаи бахш ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;