Донишгоҳи НИТУ МИСИС-и шаҳри Москва

Маълумот

оид ба сафари хизматии кормандони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон – декани факултети металлургия, менеҷери лоиҳа – Умарҷонов А.А., ассистенти кафедраи таъминоти барқ, ассистенти менеҷери лоиҳа – Бобоев Ш.А., ва мудири лабораторияи кафедраи металлургия, мутахассис – Қодиров А.А. аз санаи 23 то 28-уми декабри соли 2019 ҷиҳати иштирок барои мувофиқаи мундариҷа ва ҳаҷми хизматҳои машваратии лоиҳаи грантии  “Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO” инчунин, шарти иҷроиши лоиҳаи мазкур ва  бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи НИТУ “МИС и С”-и Федератсияи Россия 

(санаҳои 23.12.2019с.-28.12.2019с.)

 

Бо даъвати Донишгоҳи НИТУ “МИС и С” (мактуби даъватӣ аз санаи 02.12.2019 таҳти №7655 – 06) ва дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (мактуби № 15-3054 аз санаи 13.12.2019с.), инчунин тибқи фармоиши ректори донишкада №29К, аз 17 декабри соли 2019, аз санаи 23-уми декабр то 28-уми декабри соли 2019, декани факултети металлургия, менеҷери лоиҳа – Умарҷонов А.А., ассистенти кафедраи таъминоти барқ, ассистенти менеҷери лоиҳа – Бобоев Ш.А. ва мудири лабораторияи кафедраи металлургия, мутахассис – Қодиров А.А. аз санаи 23 то 28-уми декабри соли 2019 барои мувофиқаи мундариҷа ва ҳаҷми хизматҳои машваратӣ инчунин, шарти иҷроиши лоиҳаи мазкур ва  бастани созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи НИТУ “МИС и С”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок намудаанд.

Сафари хизмати санаи 23.12.2019 бо вохурии муовини сардори назорати таълимӣ – методӣ – Данилин Андрей Владимирович оғоз гардид. Дар оянда таҳти роҳбарии Ӯ бо дигар намояндагони Донишгоҳи мазкур ҷадвали вохӯриҳо мувофиқа карда шуд. Худи ҳамин рӯз бо Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ иловагӣ доктори илмҳои техникӣ, профессор – Вадим Леонидович Петров вохӯриро давом дода, ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи дар боло зикршуда баррасӣ   карда шуд. Аз тарафи менеҷери лоиҳа Умарҷонов А.А. дар бораи лоиҳа грантӣ ба шунавандагони донишгоҳ В.Л.Петров ва А.В.Данилин мазмуни мухтасар пешниҳод карда шуда ва мустасар хизматрасонии донишгоҳи мазкурро барои амалигардонии ин лоиҳа бо талаботҳо, ва созишномаи махсус пешниҳод карда шуд. Дар созишнома хусусият, мақсад ва вақтҳои гузаронидани корҳои машваратӣ ва вазифагузории тарафайн нишон дода шудааст. Дар рафти мулоқот бо В.Л.Петров маълум гардида шуд, ки донишгоҳи мазкур дорои хизматрасонии васеъ дар рафти омодасозии раванди CDIO ва FabLab имконияти зиёд дорад. Барои ба имзо расонидани созишнома аз тарафи В.Л. Петров дархост пешниҳод карда шуда, ки азназаргузаронии созишномаи мазкур аз тарафи ҳуқуқчиёни донишгоҳ дида шавад.

Дар анҷоми мулоқот барои боз ҳам наздиктар шинос шудан бо раванди корҳои озмоишии FabLab таҳти роҳбарии А.В. Данилин экскурсия пешниҳод карда шуд. Дар рафти шиносои бо синфхонаҳои FabLab ҳамаи корҳои эҷодии донишҷӯён ва хонандагони мактаби миёна, ки бо ташаббуси лоиҳаи Роҳбарияти вилояти Москва, ҳамкории донишгоҳи мазкур бо мактабҳои ш. Москва омода шудааст, аз наздик шинос шудем. Маълум шуд, ки дар синфхонаҳои FabLab бо масолеҳҳои пластмассавӣ ва чӯбин ҳамаи конструксияҳо омода карда мешавад. Ҳамаи корҳои эҷодии навоварон аввал тариқи барномаҳои махсус омода карда мешавад ва баъдан вобаста ба масолеҳи омодашавӣ он ба притерҳои махсус корбарӣ мекунанд. Дар синфхонаҳои FabLab якчанд намуди принтерҳои 3D шинос гардида шуд, ки вобаста ба параметри эҷодкорӣ интихоб карда мешавад. Масалан, донишҷӯён тавассути барнома киштии ҳавопаймоиро бо баландии 2 метр бо ёрии 3 D принтери навин омода кардаанд, ки дар расми мазкур нишон дода шудааст.

Дар рӯзи оянда барои баррасии корҳои машваратии видеоконференсия, ки мувофиқи нақшаи амалигардонии лоиҳа мебошад бо сардори шӯъбаи технологияи информатсионӣ Золкина Анна Валентиновна вохӯри таҳти роҳбарии Данилин А.В.омода карда шуд.

Дар рафти вохӯри аз тарафи менеҷери лоиҳа Умарҷонов А.А. ҳамаи талаботҳо барои гузаронидани машварати видеоконференсия, тартиб додани маводҳои самтнок ва хусусияти раванди таълими CDIO барои донишҷӯён таввасути шартномаи ҳамкорӣ барои гузаронидани видеоконференсия ба Золкина А.В. пешниҳод карда шуд. Аз тарафи Золкина А.В. талаботҳои ҳамкори ба монанди интихоби шабакаи интернетӣ ва интихоби машвартчиён аз ҳисоби профессорони соҳаи металлургия, сана ва вақти баргузории видеоконференсия баррасӣ ва муҳокима карда шуд. Аз тарафи Умарҷонов А.А. пешниҳод карда шуд, ки барои бо сатҳи баланд гузаронидани видеоконференсия олимон, профессорони пешрафтаи соҳаро ҷалб кунанд, то ки самаранокии амалигардонии лоиҳа дар сатҳи баланд иҷро шавад.

Дар рузи сеюм бо мудири кафедраи металлҳои ранга ва тилло прфессор, доктори илмҳои техники Тарасов Вадим Петрович таҳти роҳбарии Данилин А.В. вохӯри баргузор гардид. Дар вохӯри менеҷери лоиҳа саҳми кафедраи мазкурро барои амалигардонидани лоиҳа муҳокима кард. Интихоби профессоронро аз ҳайати кафедраи номбурда бо Тарасов В.П. муҳокима карда пайдарпайии кори онҳо барои пешбурди амалигардонидани лоиҳа баррасӣ карда шуд.

Дар рузи панҷум байни менеҷери лоиҳа –  Умарҷонов А.А. ва муовини ректор оид ба бехатарӣ ва масъалаҳои умумӣ – Исаев Игорь Магомедович чорабинии қабули созишномаи ба имзо расонидашуда  иҷро гардид. Баъдан аз тарафи Исаев И.М. изҳори минатдори худро барои боварии ҳамкорӣ дар рафти амалигардонии лоиҳа баён кард ва дарк кард, ки барои бо сатҳи баланд омода ва гузаронидани корҳои машваратӣ барои амалигардонидани лоиҳа назорати ҷиддӣ мегузорад.

Бояд зикр намуд, ки ҳангоми вохурӣ бо намояндагони Донишгоҳи НИТУ “МИС и С”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳамаи корҳои ба нақша гузошташуда бомуваффақият анҷом дода шуда, дурнамоии амалигардонидани лоиҳаи мазкур мувофиқа кунонида шудааст.