ҲУШЁРИИ ХАМЕШАГӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Дар хаёти  имрўзаи сокинони ҷаҳон  хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии кишвархои   чахон мебошад. 

Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рў ба рӯ шудаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд.   Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.

Имрўз амалҳои  терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ  пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандон  гардонида истодааст.

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд.

Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард.

Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.

 Аз ин лихоз бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд.

Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд

 Кишвари мо Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.Ханӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумон ва гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд.

              Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил доданд.

Ин аст , натиҷаи тероризм ва экстримизм аз ин рӯ  Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муборизаи хамешагӣ  мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм буда аз воситаҳои сиёсӣ . иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байнал милалидори ҳамаи равндҳои пешгирии ин вабои аср дар сафи пеши мубориза  мебошад.

 Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми              Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. 

                Тоҷикистон, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ .бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, ҳамчунин дигар шарикони байналмилалии худ ҳамкории фаъол ва пешгирӣ   аз ин хатарро  идома медиҳад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаиоштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат

менамояд.

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020  ҳуҷҷати барномавӣ буда, ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм муайян мекунад.

Аъмоли мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар кишвархоиАфғонистон,  Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Лубнон ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдор намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад..

Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ  бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд.

  Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд “ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил17.05.2019 , шаҳри Душанбе чунин баён доштанд:

«Мо итминон дорем, ки муқовимати самаранок ба таҳдидҳои муосири амниятӣ танҳо тавассути талошҳои муштараку ҳамоҳанг шуда ва татбиқи чораҳои муназзам натиҷа ба бор  меорад.Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муттаҳид сохтани имкониятҳо дар доираи эътилофҳои зиддитеррористӣ ва зидди мухаддиротӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки метавонанд ба таъмини амнияту суботи фарогир мусоидати ҷиддӣ намоянд»

 Ҳанӯз соли 2013 Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул  гардид.

Ин санад бо барномаи амал ва самтҳои ҳамкории худ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба хусусияти пешгирикунанда дорад.

Стратегияи мазкур бо дарназардошти ҳамбастагии зич миёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст.

Танҳо дар соли гузашта 67 амалиёти фаврӣ алайҳи қочоқбарон гузаронида шудааст..Тайи 20 соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зиёда аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ баровардаанд.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи кишвар шахсоне, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо даст кашида, ба Ватан бармегарданд, агар дар кирдори онҳо аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Дар ин замина аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба  Душабе баргардонида шуданд.

Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.   

.Имруз кишвари мо ва Хукумати Тоҷикистон оиди  пешгири кардани  равадхои гуногуни  зидди инсонӣ,  чараёнои ифротгароӣ,  сохтори давлати  тахкурсии асосии корхои тарибиявии чомеа омилхои сиёси, иктисодӣ иҷтимоӣ ва фархагиро омода сохтааст,ки он дар  тарбияи ватандусти чомеа, хештаншиносӣ  идеявию сиёсӣ ва ҷаҳоншиносӣ онҳо аҳамияти махсус дорад. Муобриза бар зидди  терроризм ва  экстремизм вазифаи муқаддаси ҳар  як сокини Тоҷикистони маҳбуб, аз ҷавонон то калонслони  таҷрибаи зиндагиашон намунаи ибрат ва ҳамаи ҷомеаи кишвар, аз деҳаи куҳистон, шаҳраку ноҳия, шаҳрҳо  ва шаҳрҳои марказро фаро  гирифтааст дар онҳо чунин хислатҳо:ободии ватан, мухаббат ба ватан ва хифзи он,корнамоихо дар майдони мехнат бахри пуршукўхи он донишу хирад, ахлоки баланди замони муосир тарбия намоянд.

 Барои ҳалли ин масъала тартиб додани барномаҳои доим- амалкунандаи чорабиниҳои тарбияви маърифатӣ барои  наврасону ҷавонон:суҳбат, вохӯриҳо, саволу ҷавоб гуфтугўи ошкоро бо кардмадони  ҳукумат, ҳуқуқшиносон, кормандони идораҳои давлатӣ, сохтори дин, зиёиёни сохахаи гуногун(адабиёт ,санъат,илм, омӯзгорон.ҷамоатҳои шаҳракҳо фаъолият баранд.

Ба андешаи мо чунин самтхои корхои таргиботию тарбиявиро

хамеша идома додан зарур аст:

– дар барнмахои телевизион,радио, нашрияхои ҷумхури ба наворгирии филмҳои хуҷҷати.вокеъаҳо ҳодисаҳо  ва шарҳи он бо шакли ҳикоя очерк дар бораи навгониҳо ва дастовардҳо;

– беҳтар  чалб кадани ҷавонон ба маҳфилҳои гуногуни техникӣ, ҳунаромӯзӣ ,забономўзӣ  ва намудхои гуногуни варзиш.

– тайёр намудани чавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ омухтани касбу хунар,  махфилхои гунгуни техникӣ, хунаромузӣ ,забономўзӣ шиносои бо таърих ва давлати хориҷӣ, донистани хуччатнигорӣ.

–  баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар,  сокинни кишвар бахусус, наврасону ҷавонон.

– ҳалли масъалаи  давлат ва дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ.барраси кардани масъалахои ахлоки ва тарбияи эхтиром ба фархнги гузаштагон.

– дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

–    ба андешаи  мо масъулияти волидайн дар хамаи намудхои тарбия  аз оила сарчашма мегирад аз ин лихоз хуб мешуд,ки тарбияи ахлокию ватандўстӣ, мехнатдўстӣ, хешташиносӣ, инсоншинсӣ, мухабат ба ватан кишвар ва зодгохи худ уствор гардад.

–   дар ин самт омўзгорони соҳибтачриба,собикадоронимехнат,

намояндагони чавонони пешкадами кишвар, сахм гузошта метвонанд.

Мақсади асосӣ дар он аст, чи кадаре ки мо аз чихати сиёсӣ, иктисодӣ иҷтимоию фарҳангӣ дониши баланд дошта бошем,  ҳеҷ ягон қуввае озодиву сулҳи ҳамешагии миллати тоҷикро халалдор карда наметавонад.

 

Изатуллоев Р.И.

Дотсенти кафедраи

фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ