Кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ

Нишони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ

 

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Қобилов Валӣ Абдураҳимович
телефон: +992 92 872-60-70

 

 

 

ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ КАФЕДРА

Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо қарори № 1 Шурои Олимони Донишкада аз 29 октябри соли 2006 дар сохтори Донишкада кафедраи «Технологияи мошинсозии мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ» таъсис дода шуд ва фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Солҳои хониши 2006-2007 ва 2007-2008 барои ихтисосҳои Автомобилҳо ва Ташкили ҳаракат дар роҳ кафедраи тахассусӣ ҳисоб меёфт. Яке аз вазифаҳои асосии кафедра ташкил ва амалигардонии раванди таълим аз фанҳои тахассусии ихтисосҳои номбаршуда, тайёр намудани мутахассисони сохаҳои кӯҳкорӣ ва металлургӣ мебошад.

Баробари таъсис ёфтани факултетҳо дар ДКМТ бо фармони ректори донишкада № 78а «К» аз 2 сентябри соли 2008 кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ» ба сохтори факултети «Энергомеханика» вобаста карда шуд. Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳои «Технолгияи мошинсозӣ» ва «Мошинҳо ва тачхизоти куҳӣ» мебошад.

Фаъолияти асосии кафедра дар асоси талаботи «Қонун дар бораи маориф» сурат гирифта, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, Саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо қарори Шурои олимони донишкада № 1 аз 5 сентябри соли 2009 кафедра «Таҷҳизот ва технологияхои мошинсозӣ» номгузорӣ шудааст.

 

САМТҲОИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН   – ИХТИСОСҲО

Кафедраи Таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ аз рӯи ихтисосҳои 3601 01 – “Технологияи мошинсозӣ” ва 3610 01 «Таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ” мутахассисонро тайёр мекунад.

1.Тахассус барои 3601 01- муҳандис самти омоданамоии мутахассиси дипломдор барои  3601 – «таҷҳизоти мошинсозӣ ва технологияҳо»
2.Тахассус барои 3610 01- муҳандиси саноати куҳӣ самти омоданамоии мутахассиси дипломдор барои 3610 – «иктишофи геологӣ ва саноати истихроҷи куҳӣ»

Хатмкунандаи аввалини ихтисоси 3610 01 Воҳидов А. А. соли 2011, солҳои 2013 ва 2014 Саидов С. Н, Оманов Н. И.  ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул карда шуданд. Соли 2015 баъди хатми ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатмкунанда Очилов Ш. Д ба вазифаи устои таълимӣ ба кор қабул карда шуд. Имрўзҳо дар кафедра 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 4 нафар ассистентон, 1 нафар устои таълимӣ, 1 нафар лаборант, xамъ 11 нафар фаъолият бурда истодаанд.

Соли 2011 аз рўи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ ва соли 2012 аз рўи ихтисоси технологияи мошинсозӣ нахустин хатми донишҷўён амалӣ гардонида шуд. Давр давраи фаъолияти кафедра ҳамагӣ 80 нафар аз рўи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ ва 107 нафар аз рўи ихтисоси технологияи мошинсозӣ соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Соли 2017 ихтисосҳои кафедраро 43 нафар хатм мекунанд.

 

Миқдори хатмкунандагони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ

 

Ихтисоси 361001 – Таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ

Ихтисоси 360101 – Технологияи мошинсоз

 

 

 

РОБИТАИ КАФЕДРА БО ИСТЕҲСОЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ИЛМИВУ ТАЪЛИМӢ

Кафедра бо ҳамаи кафедраҳои Донишкада, инчунин бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкдаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ робита дорад. Инчунин омўзгорони кафедра бо корхонаҳои саноатии соҳа, монанди пойгоҳи истеҳсолии корхонаи фаръии «Корхонаи мошинсозӣ»-и КВД «Фулузоти ноидири Тоҷикистон», корхонаи муштараки «Хуҷанд – ЗиЛ», заводи таъмири қатораҳои Маҳрам, ҶС «Бодом», корхонаи ангишти Исфара (ҶСШК «Ангишт»), КМ «Апрелевка» ва ҶСК «ГОК Адрасмон» дар самти мубодилаи таҷриба, омўзиши талаботи корхонаҳои соҳа нисбати мутахассисон, аз худ намудани технологияҳои муосир ҳамкорӣ доранд. Соли 2016 дар пойгоҳи истеҳсолии корхонаи фаръии «Корхонаи мошинсозӣ»-и КВД «Фулузоти ноидири Тоҷикистон» филиали кафедра ташкил карда шуд.

ҲАЙАТИ ПЕДАГОГӢ

Фаъолияти таълимии кафедра дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ ва силлабусҳо дар гуруҳҳои тоxикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.  Вазифаи мудирии кафедраро соли хониши 2006/2007 дотсент Бадалов М. ва аз соли хониши 2007/2008 дотсентт Мирзомидинов И. М. ба уҳда доштанд. Солҳои таъсисёбии кафедра дотсентон Мирзомидинов И. М., Бадалов М. ва сармуаллим Ҷуманазаров И. инчунин профессор Азизов Р. О., дотсентон Ваҳобов М., Муҳидинов Қ. ба тариқи муштараквазифаи дохилӣ, дотсент Собиров А., сармуаллимон Маҳкамов А. ва Маҳмудова Ф. М. муштараквазифаи беруна фаъолияти меҳнатӣ доштанд. Солҳои 2009-2011 як қатор мутахасисони корхонаҳои саноатии соҳавӣ, аз ҷумла Отаев А., Дадоҷонов М., Мулоҷонов Р. О., Бобоев Р. М., Ҳоҷибоев Д. Д., Султонов О. тариқи муштараквазифа ва штатӣ ба кор даъват карда шуданд. Хатмкунандаи аввалини ихтисоси 3610 01 Воҳидов А. А. соли 2011, солҳои 2013 ва 2014 Саидов С. Н, Оманов Н. И.  ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул карда шуданд. Соли 2015 баъди хатми ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатмкунанда Очилов Ш. Д ба вазифаи устои таълимӣ ба кор қабул карда шуд. Имрўзҳо дар кафедра 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 4 нафар ассистентон, 1 нафар устои таълимӣ, 1 нафар лаборант, xамъ 11 нафар фаъолият бурда истодаанд. Дар кафедра: Воҳидов А.А.- аспирант бахши-3 ДКМТ (шўъбаи ғоибона), Хуҷамов С.С.-аспиранти бахши-1 ДКМТ (шўъбаи ғоибона), Дусталиев С.Т.- унвонҷўи Филиали боғу токпарварии АКҶТ дар ноҳияи Б. Ғафуров, Кенҷаев Ш.А.-унвонҷуи Филиали боғу токпарварии АКҶТ дар ноҳияи Б. Ғафуров.

БАЗАИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ

ояи моддӣ-техникии таълимии кафедраро устохонаи дастгоҳҳои фулузбуррӣ (105), устохонаи таълимӣ (106), синфхонаи махсуси абзорҳои буранда ва асбобҳои ченкунанда (106А), лабораторияи Масолеҳшиносӣ ва технологияи маводҳои конструксионӣ (101), синфхонаи Мошинҳо ва таxҳизоти кӯҳӣ (130), синфхонаи Технологияи мошинсозӣ (138), синфхонаи Стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ (128) ва синфхонаҳои таълимӣ (127, 129, 132) ташкил медиҳанд.
I.Устохонаи дастгоҳҳои фулузбуррӣ
1.Нишондиҳандаҳои умумӣ
Масоҳат – 240 м2
Ҷои корӣ – 20 нафар
2.Номгўи ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
А) Гўшаи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
Б) Китоби қайд ва дастур оид ба ТБ ва ҲМ.
В) Амсилаҳо, овезаҳо ва маҳсули дастии донишҷўён
3. Номгўи таҷҳизот ва асбобҳо:
– дастгоҳҳои харротӣ (модел-миқдор)
16К20-1
1К62-  2
1А616-5
1Е61М-1
ТВ320-3
1А625-1
1Д325п-1
111М-1
– дастгоҳи фрезерӣ 6М80Ш-1
6Н10-1
– дастгоҳи сайқалдиҳӣ                    315м-1
– дастгоҳи теғтезкунӣ                       3
Ҷамъ-20 адад
– ҷевонҳои барқтаксимкунӣ – 4 адад (ПП-12, РП 1/12, РП 2/12, РП 3/12)
– ҷевонҳо барои нигоҳдории асбобу таҷҳизот – 5 адад.

II.Лабароторияи маводшиносӣ ва технологияи масолеҳи конструксионӣ
1.Нишондиҳандаҳои умумӣ:
Масоҳат – 72м2
Ҷои нишаст барои 18 нафар
2.Номгўи ҳуҷҷатҳои зарурӣ
А) ҚоидаҳоиТехникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
Б) Китоби қайди дастур оидба техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
В) Дастурамал оиди иҷрои корҳои лабараторӣ
Г) Амсила ва овезаҳо
3. Номгўи таҷҳизот ва асбобҳо.
– асбобҳои муайянкунии сахтии фулузот – 5 адад
– микроскоп барои микротаҳлили сатҳ МиМ-8 – 1адад, МиМ-9 – 1 адад
– асбоби тайёр кардани микрошлиф – 1 адад
– қураи муфелӣ – 3 адад
– дастгоҳҳои муқовиматсанҷӣ УММ-5 – 1 адад; МК-03 – 1 адад; МК-50 -1 адад
– маҷмўи намунаи масолеҳҳо – 15 қуттӣ
– ҷевон барои намунаи фулузот ва дастурҳои методӣ – 3 адад
– ҷевони китоб – 1 адад
III. Синфхонаи таълимии фулузбуррӣ
1.Нишондиҳандаҳои умумӣ:
Масоҳат – 72м2
Ҷоинишаст – 28
2.Номгўи таҷҳизот ва асбобҳо.
– таҷҳизоти ЭДИ-43А – 1 адад
– лавҳаи фрезаҳо – 1 адад
– лавҳаи теғҳо – 1 адад
– лавҳаи теғҳо ва асбобҳо – 1 адад
-лавҳаи асбобҳои ченкунӣ- 1 адад.
IV. Устохонаи таълимӣ
1.Нишондиҳандаҳои умумӣ:
Масоҳат – 72 м2
Чои корӣ – 13
2.Номгуи ҳуҷҷатҳои зарурӣ.
– Амсилаҳо
– Овезаҳо доир ба дастгоҳҳои фулузбурӣ
3. Номгўи таҷҳизотва асбобҳо .
– дастгоҳи пармакунӣ 2А125           1 – адад
– дастгоҳи фрезерӣ 6Н80Г                1 – адад
– дастгоҳи дандонакўбӣ 532             1 – адад
– дастгоҳи дандонафрезеронӣ 514  1 – адад
– дастгоҳи пармкунии рўимизӣ       1 – адад
– мизи челонгарӣ                                4 – адад
– ҷевони фулузӣ барои асбобу таҷҳизот  1 – адад

ДАСТОВОРДҲОИ КАФЕДРА

Устодони кафедра дар тайёр ва нашр намудани китобҳо, дастурамалҳо, барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён фаъолият намуда дар тӯли фаъолияти кафедра чунин маводҳоро рӯи нашр овардаанд:

1. Мирзомидинов И.М., Ғаниев И. Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи метрология, стандартонӣ ва сертификатонии маҳсулот ва хизматрасонӣ. Душанбе Ирфон-2011.
2.Мирзомидинов И.М., Қозиев К.С., Ниёзов А.М. Қоидаҳои мураттабсозии ҳуҷҷатҳои матнӣ ва графикии лоиҳаҳои курсӣ ва дипломӣ. Дастури методӣ. Чкалов -2014.
3.Мирзомидинов И.М. Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти соҳаи стандартонӣ, метрология  ва сертификатонӣ. Душанбе Донишварон-2016.
4.Мирзомидинов И.М., Каримов М.Б. Стандартонӣ, метрология  ва  сертификатонӣ Дастури таълимӣ. Хуҷанд Меъроҷ -2017.
5.Шамсиев Р.М.,Қобилов В.А., Аҳмадов Д. Корҳои лабораторӣ аз фанни масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи конструксионӣ. Хуҷанд Меъроҷ -2017.
6.Ҳоҷибоев Д.Д. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанҳои “Масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” Бустон-2016, “Муқаддимаи ихтисос -360101” Бустон-2016 “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ”Бустон-2017 ва “Металшиносӣ” Бустон-2017.
7.Воҳидов А.А. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанҳои “Ҳифзи моликияти зеҳнӣ” Бустон-2016, “Идоракунии системаҳои техникӣ” Бустон-2017, “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ”Бустон-2018 ва “Ҳифзи меҳнат” Бустон-2018.
8.Дусталиев С.Т. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанҳои “Мошин ва таҷҳизотҳои куҳии кушод” Бустон-2016, “Асосҳои лоиҳакашии М ва ТК” Бустон-2016, “Мошин ва таҷҳизотҳои куҳии зеризаминӣ” Бустон-2017 ва “Мошин ва механизмҳои борбардор” Бустон-2018.
9.Хуҷамов С.С. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанҳои “Мошин ва таҷҳизоти куҳӣ” Бустон-2016 “Таҷҳизоти механикии конҳо” Бустон-2017, “Таърихи соҳа” Бустон-2018.
10.Кенҷаев Ш.А. Комплекси лексионӣ аз фанни “Мошинҳои нақлиётӣ” Бустон-2016.
Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни “Мошинҳои собит” Бустон-2017.
11.Барномаҳои таҷрибаомўзи барои ихтисосӣ 360101. Мирзимидинов И.М. ва Ҳоҷибоев Д.Д.
12.Барномаҳои таҷрибаомўзи барои ихтисосӣ 361001. Дусталиев С.С. ва Кенҷаев Ш.А.
13.Дастури методӣ аз фанҳои “Мошинҳои собит” ва “Мошинҳои нақлиётӣ” Воҳидов А.А. ва Кенҷаев Ш.А.
14.Дастури методӣ аз фанни “Дастоҳҳои фулузбурӣ” Мирзомидинов И.М. ва Очилов Ш.Ҷ.

Дар кафедра: Мирзомидинов И.М. бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд қадрдони карда шудааст. Воҳидов А.А. ҷоизадори Сертификати Аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон – нерўи рушди зеҳнии кишвар» – Душанбе-2015 ва ифтихорномаи Конфронс – озмуни олимони ҷавон «Навовари беҳтарин» кишвар- Кулоб -2015.

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Самти кори илмӣ-тадқиқотии кафедра Усулҳои алтернативии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби манбаъҳои табии ибтидоии энергия мебошад. Дар кафедра маҳфили “Навовар” фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро Воҳидов А.А. ба уҳда дошта донишҷўёни фаъол ва лаёқатманди ихтисосҳои 360101 ва 361001 сарҷам гардидаанд. Аз ҷониби омўзгорони кафедра ҳар сол аз 15 то 18 мақолаҳои омўзишӣ, илмӣ ва тадқиқотии донишкадавию ҷумҳуриявӣ нашр мегарданд.

Инчунин дар базаи кафедра Бюрои конструктории ДКМТ фаъолият дорад, ки донишҷўёни ихтирокору навовари ДКМТ аъзогӣ доранд. Мақсади Бюро ин, рушди эҷодиёти техникии донишҷўён, роҳнамоии касбии онҳо, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ дар самти илмию техникӣ. Самти асосии фаъолият Бюрои конструкторӣ, коркардҳои навоварона дар соҳаи рушди техникаю технологияи соҳаҳои электромеханикӣ, куҳкорӣ ва металлургӣ равона гардидааст.