Даъвоҳои беасоси ҳамсояи китобнахонда!

Имрӯзҳо тавре, ки дар расонаҳо мебинем як қатор роҳбарони аз хирад ва андеша дурӣ қирғизӣ ба хотири ҳангома барангехтан даъвои Ворух марзи мо мекунанд, ки бисёр ҳам бесавод ва бефаҳму дур аз маърифат будани баъзе роҳбарони қирғизиро мефаҳмонад.

Якум бояд ишора кард, ки Ворух замини тоҷикон аст ва ҳаргиз тақсим ё бар ивази чизе дода нахоҳад шуд, аммо дуввум ин ки кадом қонун иҷозат медиҳад, ки як нафар шаҳрванди кишҳвари бегона дар бораи замини таърихии мо сухан бигӯяд?

Ё ҳамсояҳои қирғизи мо фаромӯш кардааст, ки бо баракати будани мо онон соҳиби замин шудаанду бо лутфи гузаштагони мо тоҷикон соҳиби як бурда нон гардидаад?!

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ворух садҳазорсолаҳо боз замини мосту манобеи таърихи замини тоҷикон будани Ворухро таъкид мекунанд, пас ин иддаои мақомдори қирғиз бесос ва бемантиқ буда, ба ягон чаҳорчӯба намегунҷад ва сухани пучест. Чунки ягон манбаъ ва ягон фарзие нест, ки моро водор созад, то дар бораи атрофи Ворух минтақаи Оқсой ҳамчун замини қирғизнишин то садсоли пеш бингарем. Яъне қирғиз ба атрофи Ворух ҳамагӣ чанд сол аст, ки муқим шудаанду халос ва асло ин ҷо мулк надоранду дар ин минтақа меҳмон мебошанд, ки инро тамоми манбаъҳо тасдиқ мекунанд.

Пас ин иддаои мақомдорони қирғизро дар бораи Ворух метавон беасос ва аз ақл дур хонду ҳамин қадар ба ин қирғизҳои даъвогар гуфт, ки як ду соат китоб бихонед!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон