ҚАЛЛОБИВУ МАРДУМФИРЕБИИ ИЗЗАТ АМОН БАРОИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ МАГАР ҚАҲРАМОНИСТ?

Имрӯзҳо чӣ хеле ки мебинем душманони миллати тоҷик бо истифода аз номи қаллоб ва фиребкору ҳақи муҳоҷирхӯр Иззат Амон истифода намуда, талош мекунанд, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст тела диҳанду гумроҳ созанд. Яке аз чунин шахсони ҳангомасоз ва душмани ашадии миллат, ки аз боздошти ҷинояткор ва қаллоби Иззат Амон қазияи сиёсӣ месозад, М. Садриддини хоин мебошад, ки ин амали душманонаи ӯ хиёнати ошкоро бар алайҳи миллати тоҷик мебошанд.

Чунки ин М. Садриддини хоин ва душмани миллати тоҷик ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ сохтани муҳоҷирон ононро фиреб дода, ба чоҳ тела медиҳаду худаш холи сиёсӣ ба даст овард, ки ин ҳаргиз бахшида намешавад.

Аммо чизи дигаре, ки моро дар ин қазия нигарон намуд, ин ошкоро инкор намудани ҷинояткориву қаллобии Иззат Амон аз тарафи наҳзатиёни палид мебошад, ки касро ба ҳайрат меоварад. Ҷабрдида ҳаст, чандин касоне пайдо шуданд, ки аз дасти Иззат Амон фиреб хӯрдаанд, касоне ҳам пайдо шуданд, ки бо ҳуҷҷатҳои қалбаки сохтаи Иззат Амон  аз Россия депорт шудаанд, пас дигар чӣ ҷойи ҳангомабарангезӣ?

Яъне, ин амали наҳзатиёни палид ва террорист бори дигар нишон медиҳад, ки ин террористи наҳзатӣ асло парвои шаҳрванд ҷабрдида надоранду мақсадашон ҳам бо ҳар баҳона аз ҷавобгарӣ озод намудани Иззат Амони қаллоб ҳамон шайтони наҳзатиён дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, то фирефтаи ин хоинони бадкеш ва ҳаромзодаи наҳзатӣ нагарданду вақти худро сарф насозанд. Чунки он чӣ ин Иқболбӣ ва наҳзатиёни террорист мегӯянд ҳарзае беш нест!

Ё ин ҷо суоле ба миён меояд, ки қаллобиву мардумфиребии  Иззат Амон барои наҳзатиёни террорист магар қаҳрамонист?

Пас ҳоли миллат чӣ мешавад, агар мо аз қаллобиву ҷинояткориву мардумфиребии шайтони наҳзатӣ бо номи Иззат Амон сухан накунему қонун чораҷӯӣ накунад?

Дилмуроди Вафо

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон