Ғолибони озмуни вилоятӣ қадрдонӣ гардиданд

Дирӯз, дар як ҷаласаи бузурги вилоятӣ , ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ташкил ва гузаронида шуд, се нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм қадрдонӣ гардиданд.  Инҳо Зуҳриддинов Фаридун донишҷӯи бахши якум,  Бобораҷабзода Маъруфҷон донишҷӯи бахши якум,  Тошзода Раббонӣ ҷойи сеюм  мебошанд, ки бо навиштани иншои беҳтарин дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати миллӣ” миёни донишҷӯёни вилоят ғолиб омаданд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада низ даври аввали ин озмун бо гузаронидани “Дарси ваҳдати миллӣ” аз ҷониби Ҷалолова Зӯҳро омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд ва чанд нафар фаъолон он ҷо иншо низ навиштанд. 

Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ширкат намуда, донишҷӯёнро ҳамроҳӣ намуд.