Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат бо директори ҶДММ “Озмоишгоҳи санҷишии технологияҳои муосир” Ҷанг Гуҷинг мулоқот намуда, байни Донишкада ва ширкати “ОСТМ” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Зимни мулоқот ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз дастовардҳои илмӣ, муваффақиятҳои пажӯҳишӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имконоти муассиса сухан ронда, иброз дошт, ки имконияти Донишкада дар самти омӯзиш ва таҳқиқот, пешбурди корҳои илмӣ ва ҳамзамон гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ васеъ буда, доимо хостори ҳамкорӣ ба хотири рушди илм бар нафъи инсоният мебошад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки шартномаи мазкур оғози марҳилаи навест барои сарҷамъ намудани пажӯҳишгарон, олимон аз Тоҷикистону Чин, ҳалли муаммоҳои илмӣ ва омодасозии кадрҳо мусоидат менамояд.
Дар доираи ҳамкории байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Институти таҳқиқотии назорат ва сифати маҳсулоти Танҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаи мазкур ба имзо расонида шуд.
