ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23 октябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни миллии Меҳргон бошукуҳ таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, директори ширкати “Макромайн дар Осиёи Марказӣ” Жасхан Байров, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, профессор Фозилзода Мухтор Муродалӣ, ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди МД ДБССТ профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва зиёда аз 160 нафар меҳмонон аз кишварҳои Британияи Кабир, Австралия, Ҷумҳурии халқии Чин, Русия, Перу, Ҳиндустон, Туркия, Бангладеш, Узбекистон, Муғулистон , Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Португалия ширкат намуданд.
Ба меҳмонони хориҷӣ беҳтарин ҳунару санъати миллати тоҷик ва унсурҳои таҷлили ҷашни Меҳргон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон, пас аз баргузории чорабинии волои фарҳангӣ ба меҳмонон аз хориҷи кишвар зиёда аз 46 анвои хӯрокворӣ, ки ба ҷашни бузурги Меҳргон пайванд аст, манзур карда шуд.
Меҳмонон бо таассуроти воло ва хушҳолии зиёд аз чорабинии бошукӯҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон миннатдории хешро иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тарғибу ташвиқи ғояҳои волои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ пешгом мебошад.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 69 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ва ширкатҳои байналмиллалӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ин ба омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа бо фарогирии стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Пас аз баргузории чорабинии бошукуҳ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба муовинони ректор, деканҳо, мудирони кафедраи фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот