Унвони баланди илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ муборак муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!

Боиси фараҳ ва шодист, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз тасдиқ гардид.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро барои шарафёб гардидан ба ин дараҷаи баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз роҳбарони оқилу хирадманд ва ғамхору дилсӯзӣ кормандон буда, ҳамеша баҳри пешрафти донишкада талош менамояд.
Дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ муборак, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ!