Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат як нафар аз бонуи фаъолу собиқадори Донишкада, муаллимаи некнияту поксиришт, зани ҳалиму хоксор, модари хирадманду равшанзамир ва арҷманду гиромӣ Холова Хосиятхон Баҳромовнаро аёдат намуда, ба муносибати рӯзи зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву тансиҳатӣ ва саодатмандиву умри пурбаракат таманно намуд.
Ректори Донишкада таъкид намуданд, ки Холова Хосиятхон Баҳромовна аз он бонуе ҳастанд, ки барои аксарияти насли ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳам ҳаққи устодӣ доранд ва ҳам ҳаққи модарӣ. Зеро дар замони фаъолияти пурсамар ва содиқонаву софдилонаи хеш ба ҳар як корманди донишкада, ба ҳар як донишҷӯ ҳамчун ба фарзанди худ муносибат намуда, модарвор ононро тарбия намудаанд, ки имрӯз дар зиндагии хеш муввафақ мебошанд.
Қайд карда шуд, ки имрӯз ҳам аз малакаву таҷриба ва маҳорати касбии ин бонуи зебо ва фаъолу роҳнамо дар Донишкада ҳамчун таҷрибаи беҳтарини корӣ истифода бурда мешавад. Хислат ва рафтори волои муаллимаи гиромӣ Холова Хосиятхон намунаи беҳтарини инсонӣ ва омӯзгорӣ мебошад. Таҷрибаи пурсамари кории муаллима Холова Х.Б. метавонад бори дигар исбот намояд, ки як зани тоҷик бо дили поку муҳаббати воло метавонад ҳам модари мушфиқу ғамхор ва ҳам омӯзгори асилу корманди содиқу масъулиятшинос бошад.
Саҳми муаллимаи арҷманд ва азиз Холова Хосиятхон дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, тарбия намудани насли ҷавон ва ҳамзамон рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беназир мебошад. Муаллима Холова Х. Б. аз он нафароне ҳастанд, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаклгирии низоми корӣ, роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ, пешбурди фаъолияти бомароми таълим, таъмиру таҷдиди муассиса, тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми бориз гузошта, содиқонаву софдилона меҳнат намудаанд.
Муаллимаи арҷманд ва гиромӣ Холова Хосиятхонро, ки ба синни мубораки 70-солагӣ қадам ниҳоданд табрику таҳният намуда, барояшон қабл аз ҳама саломатӣ, умри дарози пурбаракат ва кулли хушиҳои оламро таманно менамоем.
Шуъбаи иттилоот


