Ширкати аҳли ДКМТ дар аксияи “Саҳми ман дар шаҳри ман”

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси шаҳри Бӯстон оид ба ташкилу анҷом додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ санаи 3.06.2023 шанбегии дастаҷамона бо иштироки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар ин бо шуъбаи иттилоот Насриддинов Шаҳбоз сардори шуъбаи кор бо ҷавонон иттилоъ дод.  Аҳли донишкада шурӯъ аз маркази ташхиси тиббии ” ИГНЭС” то гардиши ҶДММ “Элегант” хиёбону роҳравҳо ва сабзазору боғсайрҳоро аз партову ифлосиҳо ва алафҳои хушкшудаи беомонда пок намуданд. 

Қайд намудан зарур аст, ки бори аввал нест, ки омӯзгорону кормандони донишкада барои покизаву зебо нигоҳ доштани шаҳр саҳмгузорӣ менамоянд ва бо гузаронидани шанбегиҳо шаҳрро ободу зебо нигоҳ медоранду фазои зебои шаҳрона меофаранд.