ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВА СОҲИБДАВЛАТӢ

Парчам, рамзи муборизаву ҷоннисориҳои мардуми заҳматкаш, пирӯзи некӣ бар бадӣ, сулҳу осоиштагӣ, мустақилияти як миллат ва давлат мебошад.
Тибқи маълумотҳое, ки дар Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ оварда шудааст, нахустин маротиба зимни шӯриши мардуми эронинажод бо сардории Коваи оҳангар бар зидди Заҳок, мавҳуми «Дирафши Ковиёнӣ» пайдо шуда аст. Замоне, ки Кова бо лашкараш Заҳок ва ҳаммаслаконашро шикаст медиҳад, тарафи муқобил аз ҳудуди мутаалиқ ба мардуми эронинажод берун кардда мешавад ва ҳамчун рамзи пирӯзӣ Кова пешдоманашро, ки аз чарм буд кушода ба яроқи ҷангии худ печонида ба замин мекӯбад. Баъдан ин парчам ва шуришгаронро ба назди Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд меорад. Ба Фаридун ин парчам писанд меояд, онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг-сурх, сафед, нилгун ороиш дода, Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ менамояд. Аз он дам то инҷониб парчам шаклу андозаҳои гуногунро гирифта, бо номҳои “Диравши Ковиёнӣ” ва “Ливо” маъруф аст.
Дар давраи ҳукумронии «Ахоманишиниҳо» парчам шакли дигар гирифта буд. Дар ин парчам уқоби тиллоӣ дар мобайн ва аз паҳлӯҳо матоъҳои секунҷашакли сафед, сурх, сабз тасвир ёфта буд.
Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ҳар як сулаҳо парчами худро доштанд, ки шаклу андоза ва намудҳои гуногунро доштанд. Сулолаи Аршакидҳо 250 ҳазор сол то солшумории мо Эронро аз ҳукумронии юнониҳо озод карда дорои парчами махсуси худ гардиданд. Парчамашон аз матои чоркунҷашакл иборат буд, дар мобайн ситораи чоршуоъдор ва дар нӯги найза уқоби болкушода, ки дар чангҳояш қулулаҳои тилло дорад, тасвир ёфтааст. Яъне ин дирафш дар якҷоягӣ аз дирафши Ковиён ва Ахоманишинҳо гирифта буд.
Дар давраи сулолаи Сосониён, ки онҳо худро қавми ахоманишинҳо мешумориданд, парчами худро «Дирафши Ковиёнӣ интихоб карданд. Инчунин дар ин давра нишонаи давлатии сосониён моҳи нопурра ба ҳисоб мерафт ва то ҳоло ҳамчун аломатӣ дини ислом то ба давраи мо расидааст.
Дар як рӯи парчами амири Бухоро, ки матои росткунҷа буду ранги сафеду сабз дошт бо арабӣ навишта шуда буд «Султон-сояи Худо» дар тарафи дигараш бошад навишта шуда буд, ки «Нест Худое чун Оллоҳ ва Муҳаммад расули Худо». Дар байни ин ду навиштаҷот моҳи нопурра ва ситораи 5-гӯшаи тиллоӣ тасвир ёфта буд. Канорҳои ин матоъ бо нақшҳои ранги сиёҳ-гулобӣ нақшу нигор ороиш дода шуда буд.
Пас аз сарнагун шудани амири Бухоро да санаи 2 сентябри соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухоро ташкил карда шуд, ки ба таркиби он қисмҳои марказӣ, ҷануби-шарқии Тоҷикистон дохил мешуд. Нишони парчами давлатии Республикаи Халқии Советии Бухоро аз ду матои бо ҳам часпидаи сурху сабз таркиб ёфта, дар мобайни он расми нимаи моҳ ва ситораи панҷгӯша ҳакокӣ шуда буд. Комитети иҷрояи Бухоро 14 августи 1923 қарор қабул кард, ки дар парчам тағиротҳо дароварда шавад. Ранги сабзро бардошта, фақат ранги сурхро монданд.
Паррчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар як чанд марҳилаҳои таърихи тағйир ёфта, то ба шаклу намуди имрӯза расида аст.
Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Автономии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки парчами пештараро тағир дод. Парчам аз матои сурх иборат буд, ки дар он нишони ҶШСАТ тасвир карда шуда буд. Дар дохили нишон досту болға, аз канорҳояш хушаи гандуму пахта тасвир ёфта буд, ки то соли 1929 амал кард ва 23-юми феврали соли 1929 парчами нав қабул шудааст.
Баъди ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудани Тоҷикистон 25-уми феврали соли 1931 Конститутсияи нав қабул карда шуд ва дар баробари он парчам низ нав карда шуд.
Номи ҷумҳурӣ 4-уми июли соли 1935 ба прчам бо забони русӣ ворид карда шуд, яъне парчам тағйир ёфт.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти комилро ба даст овард. Зимни ба Созмони Миллали Мутаҳид шомилшавии ҷумҳуриҳои тозатаъсисе, ки аз тобеияти собиқ Шӯравӣ баромада буданд дар санаи 2 – юми марти соли 1992, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рафта истода буд, дар қатори Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Туркманистон ва Ӯзбекистон, Тоҷикистон низ пазируфта шуд ва дар қатори парчами давлат ҳои болозикр бо сабаби қабул нашудани парчамҳои нав барои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон парчамҳое, ки ҳангоми тобеият дар собиқ Шӯравӣ доштанд, бардошта шуда буд, ки бо қабули парчами нав он иваз карда шуд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 дар намуди имрӯзааш қабул шудааст. Он матои росткунҷае, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқи ҷой гирифта кашида шудааст; рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шудааст ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии парчам 1:2 аст. Рангҳои милии тоҷикон чун дигар мардуми ориённажод ва эронитабор сурху сафеду сабз аз давраи қадим то ин замон расидаанд.
Рангҳои парчам чунин чунин маънидод карда шуда аст:
Ранги сурх- мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият,
Ранги сафед – Бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон,
Рангӣ сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад.
Нахустин шуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами тозаинтихобро ҳамчун рамзи давлатдорӣ бӯсида ба дидаҳяшон молиданд ва аз депутатҳо хостанд, ки ба парчам эҳтиромгузоранд. Инчунин, аз халқи Тоҷикистон хоҳиш намуданд, ки зери ин парчам бо ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу бародарӣ ҷамъомада ватанамонро обод ва миллатро аз нестӣ эмен нигоҳ дорем.
Акс аз маросими қабули парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992
Ёдовар мешавем, ки соли 2011 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчеме, ки соли 1992 қабул гардид, ба осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки дар онҷо ҳамчун нигораи таърихӣ ва рамзи давлатдорӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 2011 ҳамчун рамзи эҳтиром ба рамзи давлатӣ ва нишонаи соҳибдавлатӣ, дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Бояд зикр кард, ки моҳи ноябр барои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи иқбол, хушбатӣ ва ормонҳо ба ҳисоб меравад. Бояд барои ҳар як фарди соҳибмаърифат ва ватандори тоҷик ин моҳ азизу фаромӯшнашаванда бошад, зеро якчанд ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ ва дастовардҳои беназир дар ин моҳ вуқӯъ намуда ба даст оварда шуда аст. Аз ҷумла: 6-уми ноябр рӯзи қабули Конститутсия, 16-уми ноябр рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон, 24-уми ноябр рӯзи қабули парчами давлатӣ.
Бигзор зери ин парчами сулҳ миллати тоҷик дар фазои осоишта бо якдиливу созандагӣ то абад умр басар баранд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!
Зулфон Субҳонович Эшов – муаллими калони кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон