БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА АЗ ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

Санаи 13-уми июн ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷараёни таҷдид, тармиму азнавсозӣ ва ободкориву созандагӣ дар факултети электромеханика боздид намуда, бо декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин мулоқот намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ шинос гардида, ба декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таҷдиду азнавсозӣ, таъмиру барқарорсозии синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва садорати факултет изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳангоми боздид аз фаъолияти профессор Қозизода Камолиддин тавсиф намуда, изҳор дошт, ки Қозизода Камолиддин аз зумраи беҳтарин омӯзгорон ва роҳбарон дар Донишкада ҳастанд ва барои рушди ин боргоҳи маърифат талошҳои зиёде анҷом додаанду хидматашон дар ин самт бениҳоят зиёд аст.
Тарбия намудани мутахассисони ҷавон кори саҳл нест ва профессор Қозизода Камолиддин дар ин соҳа умри ҷавони хешро сарф намудаанд, ки мо бо доштани чунин устодони соҳибтаҷриба ва соҳибмактаб ифтихор менамоем.
Таъкид карда шуд, ки ин шабу рӯз бояд ба қадри чунин омӯзгорону декани ғамхору масъулиятшинос расид ва насли ҷавон бояд аз чунин инсонҳои покзамир ва мутахассисони варзидаи соҳа омӯзад.
Шуъбаи иттилоот