МУАРРИФИИ РЕКТОРИ ТОЗАИНТИХОБ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 15-уми июн як ҳайати баландпоя зери роҳбарии муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳошимзода Ҳомид, муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар, намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хонуми арҷманд Шарифзода Дилафрӯз, муовини раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мамнур Нурзода дар маҷлисгоҳи калони Донишкада ректори нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Давлатро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъйин гардидааст ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ муаррифӣ намуданд. Меҳмонон ба ин кадри ҷавон ва меҳандӯст, олими варзида барору муваффақият ва комёбиҳо таманно намуданд.
Шуъбаи иттилоот