Имрӯз, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олими ҷавону ватандӯст, фарди покирода ва маорифпарвар, ҷавони масъулиятшинос бародари азизу арҷманд номзади илмҳои техникӣ Давлатзода Давлат ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Ин масъулияти навро бар устоди арҷманд ва бародари меҳандӯст табрику таҳният гуфта, барояшон дар пешбурди корҳои илму маориф барору муваффақият таманно менамоям.
Давлатзода Давлат аз ҷавонони фаъол ва пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ва рушди илм саҳми босазо гузоштааст.
Мавсуф аз ҷавонони пешгом, навҷӯ ва дилсӯзу донандаи хуби соҳа буда, дар рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ нақши муассир дорад. Ва умед дорем, ки дар ин самт хидмати бесобиқае анҷом хоҳад дод.
Бори дигар масъулияти навбатӣ муборак бошад устоди муҳтарам Давлатзода Давлат!
Бо эҳтиром М. Саидов

