9 ДЕКАБР-РӮЗИ ГЕОЛОГҲО. Олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон минерали «Фалғарит» ва «Бадахшонит» — ро кашф намуданд

ДУШАНБЕ, 9.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 декабр геологҳои Тоҷикистон Иди касбии худ-Рӯзи геологҳоро ҷашн мегиранд. Ин рӯз дар Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб таҷлил мегардад. Дар арафаи иди касбӣ геологҳои тоҷик аз кашфиёти нави худ мужда расониданд. Чанде пеш олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои кишвар дар якҷоягӣ бо кормандони Осорхонаи минерологии ба номи А. Ферсмани Академияи илмҳои Россия зимни корҳои муштараки илмӣ – саҳроӣ аз ҳудуди мамлакат ду минерали нав бо номи «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  — ро кашф намуданд.

Тавре директори Институт Илҳом  Оймуҳаммадзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, минерали «Фалғарит- K4(VO)3(SO4)5» дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар мавзеи Кӯҳи Малик, соҳили рости дарёи Яғноб аз ҷониби муҳаққиқон Л.А. Паутов, М.А.Мираков, О.И.Сидра, Е.В. Назарчук, А.Р. Файзиев ва В.Я. Карпенко ошкор карда шудааст.

Ташхиси рентгенографии «Фалғарит»

Минерали «Бадахшонит (Y)  — Y2Mn4Al(Si2B7BeO24)» дар қисмати шарқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби олимони тоҷик ва Осорхонаи минерологии ба номи А.Е.Ферсмани Академияи илмҳои Россия дар натиҷаи корҳои муштараки илмию тадқиқотии саҳроӣ дар километри 45-уми шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ (пегматити Дорожний) кашф карда шудааст. Муаллифони он Л.А. Паутов, М.А.Мираков, К.А.Фернандо, Е.Соколова, С.Х.Франк, М.А. Шодибеков ва В.Я. Карпенко мебошанд. Ба иттилои номбурда, минералҳои «Фалғарит» ва «Бадахшонит»  вобаста ба мавзеи пайдоишашон номгузорӣ шудаанд.

Минерали «Бадахшонит (Y)» (расм аз М.Мираков, 2018)

«Комиссия  оид ба маъданҳои  нав ва Ассотсиатсияи  байналмилалии  минерологҳо «Фалғарит» ва «Бадахшонит»-ро аллакай тасдиқ ва эътироф намуданд. Як қисми корҳои лабораторӣ вобаста ба муайян намудани хосиятҳои физикӣ, химиявӣ, минералогӣ ва кристаллографии минералҳои кашфкардашуда дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шудааст. Корҳои омӯзишӣ дар ин самт идома доранд ва эҳтимол аст, ки муҳаққиқон дар ин мавзеъҳо боз навъҳои дигари маъданро пайдо намоянд»,-гуфт директори Институт.

Минерал кандании фоиданоке ба шумор меравад, ки он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ороиш, техникаву тиб васеъ истифода мешавад. То имрӯз дар ҷаҳон 5336 намуди минералҳо муйян карда шуданд. Ҳамасола комиссия оид ба минералҳои  нав даҳҳо навъи минералро эътироф ва қабул менамояд.

Олимони Тоҷикистон то имрӯз беш аз 30 минерали нав пайдо намудаанд, ки «Тоҷикит», «Сурхобит», «Тиёншонит», «Баротовит», «Дӯсматовит», «Дараипиёзит», «Файзиевит», «Ғармит» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Илми геологияи ватанӣ таърихи ҳазорсоларо доро буда, мутафаккирон ва нобиғаҳои асрҳои миёнаи миллати тоҷик — Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ дар рисолаҳои оламшумули худ масъалаҳои мубрами илми геологияи замони худро тавсиф намуда, доир ба пайдоиши қабатҳои Замин ва маъданҳо, равандҳои геологӣ ва заминҷунбиҳо маълумоти бисёр ва муфидро иншо кардаанд, ки то ҳол аҳамияти бузурги илмӣ ва амалиро доро мебошанд.

Ташкил шудани Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи январи соли 1933 барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии доимӣ дар саросари ҷумҳурӣ як саҳифаи наве дар таърихи илми ватанӣ мебошад, ки таҳқиқоти илмии бахши геология дар фаъолияти он мавқеи хосса дошт.

Соли 1941 дар асоси бахши геологияи базаи мазкур Институти геология дар таркиби филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ ташкил карда шуд. Соли 1951 дар заминаи бахши  геофизикаи ин филиал Институти сейсмология ташкил гардида, соли 1958 он ба Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Акдемияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд. Институтҳои номбурда  дар тӯли даҳсолаҳои фаъолияти илмӣ-ташкилии худ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои илми геология ва сейсмология ноил гардидаанд.

Марҳилаи нав дар рушди илми геология ва сейсмологияи ватанӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 муттаҳид кардани Институти геологияи АИ ҶТ ва Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ ба Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ  барои гузаронидани таҳқиқот дар омӯзиши сохти геологӣ, конҳои канданиҳои фоиданоки кишвар, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар ҷумҳурӣ муассисаи калидии илмӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ дар ин соҳаҳои илми ватанӣ масъулу уҳдадор мебошад.

 

Яке аз самтҳои асосии Институт-ин соҳаи геология мебошад. Ба иттилои директори Институти геология,  сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ Илҳом Оймаҳмадзода, дар айни замон олимони соҳа ба  омӯзиши сохти геологӣ, сохтор, таркиби моддӣ, пайдоиш ва ҷойгиршавии конҳои қаъри замини Тоҷикистон, таҳқиқи боқимондаҳои организмҳои сангшуда ва аҳамияти онҳо барои тақсимкунии стратиграфии ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии Тоҷикистон, омӯзиши петрологӣ, геохимиявӣ, пайдоиш ва зарфияти маъданнокии форматсияҳои магматикии дар шароити гуногуни геодинамики Помиру Тиён-Шон ба вуҷудомада, коркарди амсилаҳои петрологӣ-геохимиявии литосфераи минтақаҳои чиндории Тиён-Шон ва Помир, таҳқиқи нақши таркиби мантия ва қишри замин дар пайдоиши конҳои Тоҷикистон машғул мебошанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

http://khovar.tj/2018/12/9-dekabr-r-zi-geolog-o-olimoni-instituti-geologiya-sohtmoni-ba-zamin-unb-tobovar-va-sejsmologiyai-akademiyai-ilm-oi-to-ikiston-minerali-fal-arit-va-badahshonid-ro-kashf-namudand/