Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо медали 15- солагии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин сарфароз гардид

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва омода намудани мутахассисони варзида ва донандаи забони чинӣ бо медали ҷашнии 15- солагии “ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин” қадрдонӣ карда шуд. Медали ҷашниро ба ректори донишкада директори Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ бо нишони эҳтиром ва самимияти хос тақдим намуд.