Баргузории нишасти навбатии маҳфили “Ганҷи сухан” дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти навбатии маҳфили илмии “Ганҷи хирад” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ Абдуллоев Икром, роҳбари маҳфил Холова Фараҳноз, муовини декани факултети электромеханика Кенҷаев Шӯҳратҷон ва дигар донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуданд.
Маҳфилро роҳбари маҳфили мазкур Холова Фахриниссо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсаду мароми баргузории маҳфил, барномаву нақшаи корӣ ва маърӯзаҳо ибрози назар намуда, таъкид кард, ки маҳфили навбатии “Ганҷи хирад” ба рушди илми тоҷик ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида мешавад .
Сипас, дар маҳфил донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 510101 Турсунов Мубориз дар мавзуи ” Конститутсия ва давлатдории навини тоҷикон”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 420101 Аминзода Х. дар мавзуи ” Саҳми Мирзо Турсунзода дар инкишофи фарҳанги халқи тоҷик” баромад намуданд.
Баъдан миёни ҳозирин суолу ҷавоб сурат гирифт ва донишҷӯён фаъолона дар маҳфил андешаронӣ намуданд.
Дар интиҳо мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, роҷеъ ба ширкати фаъоли донишҷӯён дар маҳфилҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз худ намудани илмҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ масъалагузорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили илмии “Ганҷи сухан” дар назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ амал менамояд ва ҳар моҳ баргузор мегардад.