Кафедраи Менеҷмент

Мудири кафедра: Собирова Шукринисо Рахимовна

Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент

Тел: +992 92 757-08-02

E-mail: Sobirova_777@mail.ru

 

 

 

 

 

Ассистенти кафедра: Хоҷазода Ҷамолиддин

Тел: +992 92 841-31-00

E-mail: tajeuropecompany@mail.ru

 

 

 

 

 

 

Ассистенти кафедра: Назарматов Авазбек

 

 

 

 

 

 

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Бо омадани ректори тозаинтихоб ба донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада факултети нав бо номи факултети иқтисодиёти саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар назди он кафедраи менеҷмент ба кор оғоз намуд. Аслан, таъсиси кафедраи мазкурро ташаббуси муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳисобем ҳам хато нахоҳад буд, чунки маҳз дар ҳамин давра кафедра ба кори худ оғоз намуд.

Маврид ба қайд аст, ки кафедраи менеҷмент бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  аз 11-уми январи соли 2021 дар сохтори факултети иқтисодиёти саноатӣ ҳамчун кафедраи махсус таъсис дода шудааст.

Дар тӯли мавҷудияти кафедра вазифаи мудири кафедраро аз соли 2021 то ин ҷониб бо фармоиши ректори донишкада аз санаи 4.09.2021с  Собирова Шукринисо Рахимовна бар ӯҳда дорад ва мавсуф дар пешбурди кори кафедра феълан фаъолона саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Дар кафедраи навтаъсис омӯзгорони варзида ва донандаи хуби соҳа, аз ҷумла Хоҷазода Ҷамолиддин ва Назарматов Авазбек фаъолият доранд ва ҷиҳати пешбурди кори кафедра ва имиҷсозӣ дар сохтори нав фаъолона ширкат менамоянд.

Феълан, дар кафедра як силсила иқдомҳои накӯ, баҳри пешрафти кор анҷом дода шуд, ки дар ниҳоди мазкур низомнома тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, нақшаи илмии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, нақшаи солонаи кафедра ва нақшаи баргузории семинару маҳфилҳо, нақшаҳои таълимӣ ба ду ихтисоси навтаъсис, барномаҳои стандартӣ   тартиб дода шуд.

Ҳамзамон, роҷеъ ба самти мазкур омӯзгорони кафедра мақолаву рисолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр расониданд, ки ин ба такомули дониши донишҷӯён низ мусоидат менамояд.

Самтҳои омодасозии мутахассисон- ихтисос
Кафедраи менеҷмент  аз рўи ихтисоси 570102 -менеҷменти экологӣ ва аудити экологӣ дар саноат ва ихтисоси 25010805- баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат  мутахассис омода менамояд.

Объектҳои фаъолияти касбӣ: корхонаҳои металлургӣ, корхонаҳои мошинсозӣ, корхонаҳои энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои гуногуни саноатӣ, ташкилотҳои лоиҳавӣ, корхонаҳои кӯҳӣ-химиявӣ ва ғ.

Маълумоти кўтоҳ дар бораи хатмкунандаҳо, ҳамкорон барои таҷрибаомўзӣ ва кор
Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳа барои корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶДММ «Элегант», ҶСК “Норд Азия Металл” шартномаҳо дорад, ки дар он ҷо донишҷуён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Кафедраи ҷавони менеҷмент барои баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён дар оянда эҳтимолияти ҳамкорӣ бо Шуъбаи  ҳифзи муҳити зист дар ш. Бӯстон ва ш. Хуҷанд ва бо дигар кумитаҳо ва кафедраҳо ҳамкории судмандро ба роҳ хоҳад монд.

Системаҳои идоракунии муҳити зист ва аудити корхона – як қисми системаи умумии идоракунии корхона, аз ҷумла ташкилот, сохтор, банақшагирии фаъолият, тақсими масъулият, кори воқеии амалӣ, тартиб, равандҳо ва захираҳо барои таҳия, татбиқ ва арзёбии натиҷаҳои бадастомада ва татбиқи сиёсати экологии кишвар мебошад. Аудити экологӣ дар тафсири стандартҳои байналмилалӣ аз силсилаи ISO-14000 маънои тафтиш ва арзёбии хусусиятҳои системаи идоракунии муҳити зист, тартиботи мониторинги экологӣ, муайян кардани дараҷаи мувофиқати нишондиҳандаҳои ифлосшавии муҳити зист ба талаботи меъёрро дорад.

Баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат- ин дар асоси дониши касбӣ ташаккул, таҳлил ва истифодаи онро ба идоракунии иқтисодӣ оид ба дороиҳо, уҳдадориҳо, сармояи худӣ, гардиши пули нақд, даромад ва хароҷот, инчунин натиҷаҳои молиявии фаъолияти корхонаҳо, бо ҳамин ба беҳтар шудани истифодаи иқтидори иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ, ташкили оқилонаи муносибатҳои молиявию иқтисодии онҳо мусоидат мекунад, ва ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кӯмак менамояд. Аудити экологӣ як санҷиши даврӣ аст, ки бо мақсади муайян кардани дараҷаи мутобиқати системаи татбиқшудаи менеҷмент ба стандартҳои зарурӣ, инчунин ба талаботи дохилии корхона гузаронида мешавад.

 Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони баландихтисос оид ба ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва аудит барои ташкилотҳои саноатӣ мебошад.

Дар айни замон, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит илмҳои мустақили махсуси иқтисодӣ мебошанд. Ҳар кадоми онҳо мавзӯъ ва усулҳои таҳқиқоти худ, татбиқи амалии худро доранд: назорати молиявӣ дар замони муосир, пайдоиш ва рушди аудит дар низоми назорати молиявӣ, моҳият, муҳтаво, мақсад ва вазифаҳои аудит, намудҳои аудит, фарқияти аудит аз ревизия ва экспертизаи судии муҳосибӣ, шаклҳои фаъолияти соҳибкории аудиторҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ, танзимкунии фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти аудиторӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аудитор ва ташкилоти аудиторӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои фармоишгари аудит ва субъекти санҷидашаванда, иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти аудиторӣ ва аттестатсияи аудиторҳо, стандартҳои фаъолияти аудиторӣ, асосҳои методии аудит ва ҳуҷҷатнигории он, хавфи аудиторӣ. шаҳодатҳои аудиторӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Омӯзгорони кафедра дар самти илмии кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронанд ва ҳамасола натиҷаи он дар конфронсҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ аз рӯи масъалаҳои мубрами кафедра рӯи чоп мебарояд. Дар кафедра инчунин маҳфили илмии донишҷӯён зери унвони «ТОП-менеҷер» фаъолият дорад, ки нақши муассир дар ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузорад. Кафедра дорои пойгоҳи пурқудрати зеҳнӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ мебошад, ки дар тайёр кардани мутахассисон, устодони ботаҷрибаи дорои унвони илмӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.