Корҳои кӯҳӣ

ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КӮҲӢ

Декани факултет:  Самадова Гули Мирҷоновна

Таҳсил: Донишкадаи политехникии ш.Тошканд ба номи Абурайҳони Берунӣ

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Донистани забонҳои хориҷӣ: туркӣ, русӣ, англисӣ бо луғат

Тел: +992-93-775-79-31

E-mail: guli1964@list.ru

Суроғаи корӣ: Бинои 2, утоқи № 212

 

Эдвайзери факултети корҳои кӯҳӣ: Бадалов Ҷамолиддин Нуриддинович

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

Тел: +992-92-666-06-91

E-mail: badalovjn91@mail.ru

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоки № 212

Эдвайзери факултети корҳои кӯҳӣ: Хушолбекова Мавҷуда Назаралиевна

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

Тел: +992-92-944-20-17

E-mail:

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоки № 212

Муовини декан оид ба тарбия: Холбоев Рафикҷон Яхёевич

Таҳсил: Институти Педагогии Давлатии Ленинобод ба номи С.М.Киров

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

Тел: +992-92-751-31-31

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоки № 208

Муовини декан оид ба илм: Исоева Азиза Толибҷоновна

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

Тел: +992-92-939-50-40

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоки № 208

 

Таърихи ташкилёбии факултет

Донишкадаи кӯҳию-металлургии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз кардан, дар заминаи пояҳои моддӣ-техникӣ ва кадрии Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов ташаккул меёфт. Аз ин рӯ, қайд кардан ҷоиз аст, ки таъсис додани факултетҳо дар заминаи сохторҳои ин коллеҷ сурат мегирифт.

Вобаста ба ин, бояд зикр намуд, ки ҳанӯз дар давраи фаъолияти Коллеҷи кӯҳӣ – металлургӣ аз соли 2003 ду факултет – кӯҳӣ-металлургӣ ва энергомеханика таъсис дода шуда буд. Аввалин декани факултети кӯҳӣ-металлургӣ Шерматов Шавкат Мамадҷонович – номзади илмҳои физика-математика таъин карда мешавад. То таъсисёбии ДКМТ ва факултети корҳои кӯҳӣ роҳбарии факултетро дар сохтори ККМЧ Шокиров Шамсидин Шокирович (26. 05. 2003 – 30. 04. 2004), Ваҳобов Миршариф (11. 05. 2004 – 1. 10. 2006) ба ӯҳда доштанд.

Аз аввали соли хониши 2006-2007 бар ивази факултетҳои ККМЧ сохтори нав – шӯъбаи тайёрнамоии муҳандисони хурд таъсис дода мешавад, ки он раванди таълим ва тадриси донишҷӯёни коллеҷро ба танзим медаровард.

2 сентябри соли 2008 факултети корҳои кӯҳӣ дар сохтори донишкада аз сари нав таъсис намуда, бо вобастакунии кафедраҳо мукаммал гардид. Ба факултети корҳои кӯҳӣ дар ибтидои таъсисёбӣ 3 кафедра–коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, фанҳои умумитехникӣ ва забонҳо вобаста карда шуда буданд.

Факултети корҳои кӯҳиро аз соли таъсисёбӣ то имрӯз шахсони зерин роҳбарӣ кардаанд: Муҳиддинов қувомиддин Риёзиддинович – 01. 04. 2009с. то 25. 08. 2009с.; Ниёзов Аҳмадҷон Маҳмудҷонович – 05. 09. 2009с. то 06. 03. 2012с.; Абдуллоев Икром Рабиевич – 31. 03. 2012с. то 01. 07. 2012с.; Насриддинов Замониддин Зайниддинович – 07. 11. 2013с. то 19. 10. 2015с.; Ниёзов Аҳмадҷон Маҳмудҷонович аз 19.10.2015с. то 04.06.2017с.; Самадова Гули Мирҷоновна  16.09.2017 то ҳол.

Солҳои минбаъда дар натиҷаи зиёд шудани шумораи донишҷӯён ва кушодани ихтисосҳои нав дар факултети корҳои кӯҳӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омада, аз моҳи сентябри соли 2009 сохтори факултети корҳои кӯҳӣ дар шакли зерин тасдиқ карда мешавад:  кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо ихтисосҳои 510201-01 – корҳои кушоди кӯҳӣ, 510201-02 – корҳои зеризаминии кӯҳӣ,  510201-03 – тоза кардани канданиҳои фоиданок; кафедраи экология ва корҳои нафту газ бо ихтисосҳои 330101-05 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист, 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ; кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ бо ихтисосҳои 700201-06 – сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, 510201 – корҳои маркшейдерӣ, кафедраи забонҳо.

Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз факултет барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои геология, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, нафту газ ва сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст. Раёсати донишкада аз оғози соли таъсисёбӣ бо мақсади бунёд ва васеъ намудани имкониятҳои воқеии факултет, барои барпо намудани пояи моддӣ-техникии кафедраҳои навтаъсиси факултет ба ташкили кабинетҳои таълимии тахассусӣ, озмоишгоҳҳои таълимии соҳавӣ ва синфхонаҳои компютерӣ шурӯъ намуд.

Факултети мазкур аз соли таъсисёбӣ қабули донишҷӯёнро аз рӯи 6 ихтисос ба роҳ монда, фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмии худро оғоз намудааст. Соли аввали фаъолияти факултети корҳои кӯҳӣ ба ихтисосҳои корҳои зеризаминии кӯҳӣ, корҳои кушоди кӯҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок, корҳои маркшейдерӣ, сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо, коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ донишҷӯён қабул гардиданд. Бо назардошти афзудани теъдоди донишҷӯёни факултет зарурати васеъ намудани масоҳати таълимӣ ва базаи моддӣ-техникӣ ба миён омад. Аз ин лиҳоз, дар давоми соли таҳсили 2008-2009 барои ихтисосҳои равияи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бинои таълимӣ (полигони корҳои кӯҳӣ) бунёд гардид ва ин бинои таълимӣ аз 5 адад синфхонаҳои таълимӣ ва 1 адад толори лексионӣ барои 80 нафар донишҷӯён иборат буда, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2011 аввалин теъдоди донишҷӯёни факултет, 107 нафар, донишкадаро аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон хатм намуданд, ки аз онҳо 77 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 30 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамуданд. Айни ҳол, аксарияти аввалин хатмкунандагон дар корхонаҳои гуногуни саноатии кишвар фаъолият бурда истодаанд.

 

 

Сохтори факултет

Имрӯз факултет фаъолияти шуъбаҳо ва кафедраҳои зеринро муттаҳид месозад:

  • -Шурои олимони факултет;
  • -Шурои илмӣ-методӣ;
  • -садорати факултет;
  • -созмони ҷавонон;
  • -шўрои занони факултет;
  • -шўрои собиқадорони меҳнат;
  • -кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок;
  • -кафедраи геология ва коркарди конҳои нафт ва газ;
  • -кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ;
  • -кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ;

Дар садорати факултет 5 нафар фаъолият мебаранд: декани факултет – Самадова Гули Мирҷоновна, муовини декани оид ба илм – Исоева Азиза Толибҷоновна, муовини декани оид ба тарбия – Холбоев Рафиқҷон Яҳёевич, эдвайзерони факултет Бадалов Ҷамолиддин Нуриддинович, Хушолбекова Мавҷуда Назаралиевна.

 

Ҳайати  профессорону омўзгорон ва кормандони  факултет

Дар факултет 53 нафар кормандону омӯзгорон фаъолият мебаранд; – 2 нафар профессор, 15 нафар номзадони илм – досентон, 4 нафар сармуаллими унвондор, 18 нафар  сармуаллим, 22 нафар ассистентон ва 1 нафар мудири лаборатория, 2 нафар сарлаборант, 4 нафар лаборант ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ ҷалб карда шудаанд.

 

Корҳои илмӣтадқиқотӣ

Дар факултети корҳои кӯҳӣ 4 кафедра муттаҳид буда, аз руи Низомномаи мактаби олӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин 4 кафедраи тахассусӣ: Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, геология ва коркарди конҳои нафт ва газ, сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ ва фанҳои табиӣ-илмӣ  мебошад.

Самти фаъолияти кафедраҳо оид ба  корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва методӣ аз рӯи нақшаҳои дурнамо ба роҳ монда шудааст. Чунончи:

 

Кафедраи геология ва коркарди конҳои нафт ва газ

а) Шароитҳои физикӣ-кимиёвии нуқра, оҳан, сурбу руҳ, сангҳои қиматбаҳо,

    нафт ва гази Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) Усулҳои беҳтар намудани сифати нафти молӣ, кам кардани талафот

     ҳангоми интиқол, ҷамъоварӣ, омодасозӣ, нигоҳдорӣ ва мутобиқ намудан

     ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

в) Баланд бардоштани суръати пармакунии чоҳҳо дар шароити Тоҷикистони  Шимолӣ.

 

Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок

а) Омӯзиши  хосияти ҷинсҳои кӯҳӣ;

б) Истихроҷ ва самаранок ба роҳ мондани коркарди маъдан;

в) Ҳалли муаммоҳо вобаста ба оқилона истифодабарии сарватҳои

     зеризаминӣ.

 

Кафедраи сохтмон ва маркшейдерӣ

а) Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои умимитехникӣ

    (геометрияи тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ) дар низоми кредитии  

    таълим;

б) Истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар

     раванди таълими фанҳои тахассусии таҳсилоти муҳандисӣ;

в) Технологияҳои корҳои маркшейдерӣ – геодезӣ ва сохтмонҳои

     зеризаминӣ.

 

Кафедраи фанҳои табиӣилмӣ

а) Тадқиқи хусусиятҳои механикӣ, оптикӣ ва электрооптикии маводҳои

     композитии полимерӣ бо кристаллҳои моеъ диспергиронидашуда;

б) Физикаи муҳити конденсӣ;

в) Усули гидрометаллургии ҳосил кардани сурмаи металлӣ.

 

Раванди таълим

Устодони факултет баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ раванди таълимро дар алоқамандӣ бо истеҳсолот ба роҳ гузошта, фанҳои тахассусиро аз нигоҳи роҳбарияти корхонаҳои саноатии кишвар ва барномаи давлатии рушди суръатноки саноатикунонии кишвар-ҳадафи чоруми стратегии давлатӣ ба роҳ гузоштаанд. Бо ин мақсад, филиали кафедраҳо дар корхонаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, КВ “Экпедитсияи комплексия геологии Қайроққум” ва ҶДММ “Ангишт” ташкил карда шуда, баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ раванди таълимро дар алоқамандӣ бо истеҳсолот ба роҳ гузошта, фанҳои тахассусиро аз нигоҳи роҳбарияти корхонаҳои саноатии кишвар ва барномаи давлатии рушди суръатноки саноатикунонии кишвар-ҳадафи чоруми стратегии давлатӣ ба роҳ гузоштаанд.

Дар факултети корҳои куҳӣ дар раванди таълим ҷадвали дарсӣ барои шӯъбаҳои рузона ва ғоибона, ҷадвали байниҳамдигарии дарсҳои омӯзгорон, ҷадвали дарсҳои кушод, рафти иҷроиши корҳои семестрӣ тасдиқ карда шуда аз рӯи он фаъолият бурда истодааст.

 

Маълумот барои довталабон

Донишкадаи кӯҳю – металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи Коллеҷи куҳӣ – металлургӣ соли 2006 ташкил ёфтааст, ки  дар Осиёи Миёна донишкадаи мазкур назир надорад. Факултети корҳои кӯҳӣ яке аз ҷузъи сохтори донишкада ба ҳисоб меравад. Айни ҳол, дар факултет зиёда аз 1040 нафар донишҷӯ аз рўи барномаи бакалавриат, магистратура, аспирантура ва доктарантура таҳсил менамоянд.  Доираи васеи омӯзиши фанҳои таълимии факултет дар донишҷӯён донишҳои амалӣ, назариявӣ, техникӣ, маҳоратҳои пешрафтаи ҳалли мушкилотро инкишоф дода, онҳоро барои ҳалли мушкилоти мураккаби муҳандисӣ омода месозад.

 

Бартарияти таҳсил дар факултети КОРҲОИ КӮҲӢ

Ихтисоҳои пешқадами ҷаҳон

  • Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
  • Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ
  • Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ)
  • Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ)
  • Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (тозакунии канданиҳои фоиданок)
  • Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ)
  • Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои маркшейдерӣ)
  • Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо
  • Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот

 

Инноватсия ва потенсиали омӯзгорон

Зиёда аз 40 % омӯзгорони факултет дорои дараҷаи унвони илмӣ мебошанд. Мунтазам, ҳамасола донишҷуён таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолиро дар ширкатҳои бузурги машҳур ҶМТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноати Тоҷикистону Хитой», КМ ТХ «Зарафшон», ҷММТА КМ «Анзоб», ҶСК «Ангишт» мегузаронанд. Пайваста аз муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷа омўзгорон даъват шуда, ба донишҷўён оид ба технологияи инноватсионии кӯҳкорӣ маърузаҳо менамоянд. 

 

Ҳаёти фаъоли донишҷӯӣ

Иттифоқи таълимгирандагони «Кӯҳкан» зиёда аз 20 маҳфилҳои донишҷуёнро мувофиқи завқи онҳо гирд овардааст, аз он ҷумла:

  • маҳфилҳои хушдилону ҳозирҷавобон (КВН)
  • дастаи рақсӣ
  • дастаи сурудхонон
  • дастаи навозандагон
  • дастаи «Дастони моҳир»
  • дастаи «Ихтироъкорони ҷавон»
  • дастаи сайёҳон
  • дастаи варзишгарон ва ғ.

 

Имконияти таҳсил

Дар яке аз манзараҳои дилфиреби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри саноатии Бӯстон, Қасри маданият ва маркази таърихии он ҳамшафати боғи фарҳангӣ – истироҳатии ба номи Садриддин Айнӣ ҷойгир аст.

 

Хоҳӣ, ки аз ганҷҳои пурғановати Тоҷикистони азиз воқиф ва баҳравар гарди, интихоби ту ба факултети корҳои кӯҳист!