Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз Донишкадаи Конфутсий

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз бинои Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ дидан намуда бо директори ҷониби чиноии он Жен Гентиян мулоқот намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни мулоқот ва боздид бо ҷараёни таъмиру таҷдиди синфхонаи нав шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таъмир ва фароҳам гардидани шароит дастуру супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Донишкадаи Конфутсий синфхонаи компютерии пайваст бо базаи Донишгоҳи нафти Чин сохта мешавад, ки донишҷӯён метавонанд озодона аз он истифода баранд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба директори Донишкадаи Конфутсий ҷиҳати боз намудани ихтисосҳои нав дар ҳамҷоягӣ бо раёсати таълими ДКМТ вазифагузорӣ кард.