САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ ОИД БА ТАЪМИНОТИ АҲОЛИИ ҶАҲОН БО ОБ

Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмиллалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 эълон шудани даҳсолаи амалиёти “ Об барои ҳаёт”, солҳои 2015 – 2025 “Даҳсолаи байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” аз ҷониби намояндаҳои зиёда аз 180 мамолики дунё нуфузи давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло бардошт. Норасогии оби ошомиданӣ дар аксари мамлакатҳои дунё боиси дастгирии ин ташаббусҳо гардиданд. Дар сайёраамон наздик 1 млрд сокинон аз давлатҳои қитъаи Осиё, Африқо ва Амрико аз норасогии об танқисӣ мекашанд, ки он боиси касалиҳои зиёди сироятӣ гардидааст. Норасогии оби ошомиданӣ то соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле назаррас буд. Ҳарчанд 60%- и оби кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои кишвари мо сарчашма мегирад, то ҳол дар баъзе аз гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон таъминоти оби ошомиданӣ муаммои рақами як мебошад. Хушбахтона бо ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани муаммои норасогии об дар кишвар аз ҳисоби бюҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ин муаммо бартараф карда шуд. Солҳои охир системаи таъминоти оби шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хеле беҳтар гардидааст. Кашидани хатти об аз деҳаи Овчи Қалъача ба шаҳри Хуҷанд, иваз намудани қубурҳои фарсудаи обгузари шаҳри Бӯстону ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кофтани чоҳҳои амудии нав, иваз кардани насосҳои пойгоҳҳои обкашӣ боиси он гардид, ки таъминоти оби ошомиданӣ дар ин шаҳру ноҳия ба таври назаррас беҳтар гардид. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гаштани пешниҳодҳои худ дар арсаи байналмиллалӣ иқдоми наҷиби худро оид ба таъмини оби ошомиданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда истодаанд. Аз ахбори матбуоти даврӣ ва баромадҳо дар радиою телевизион бармеояд, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти оби ошомиданӣ ба таври назаррас беҳтар гашта истодааст. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми нав пешниҳод гардид, ки мувофиқи он солҳои 2018-2028, даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид. Аз тарафи СММ қабул шудани Қатъномаи даҳсолаи байналмиллалии амал “ Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 барои мардуми  Тоҷикистон ифтихори бузург буда, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошт.

Имрӯзҳо саросари ҷаҳон аз ташаббуси башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан меронад. 22марти соли 2018 дар қароргоҳи доимии Созмони Миллали Муттаҳид – шаҳри Ню-Йорки ИМА иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” – чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Воқеан, боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст,ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ пешниҳоди хирадмандонаи Сарвари давлати моро пазируфта, бо ҷонибдори кулли давлатҳои ҷаҳон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қатънома қабул намуд.                                                        Дар ҷаҳони муосир об натанҳо ба сифати нӯшокӣ ва барои  обёрии зироатҳою дарахтзорҳо истифода бурда мешавад,балки  барои рушди саноат ва энергетика низ саҳми арзанда дорад.Захираҳои  калони об барои  Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад,ки соҳаҳои гуногуни саноат ба монанди гидрометаллургия,хӯрокворӣ(истеҳсоли маҳсулоти ширию гӯштӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан),сабук  ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро ба роҳ  монад.

Дарёҳои кӯҳии мо имконият медиҳанд,ки НОБ-ҳои хурду калон бунёд карда шуда , истеҳсоли нерӯи барⱪ  ҳарчӣ бештар карда шавад.Бо ин маⱪсад бо иⱪдоми сарвари давлат якчанд НОБ-ҳои хурду калон мавриди истифода ⱪарор дода шуд.Барои боз ҳам хуб гаштани таъмини аҳолии кишвар бо неруи барⱪ сохтмони НОБ-и Роѓун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зарур мебошад. Дар ҳолати ба кор даромадани обанбор ва НОБ-и Роғун норасогии оби обанбори Норак дар фасли зимистон бартараф мегардад ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемаҳдуд тамоми сол бо нерӯи барқ таъмин мегарданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри вусъат бахшидан ба сохтмони НОБ-и Роѓун ба курсии техникаи пуриқтидор нишаста дар давоми 1,5 соат пеши роҳи оби дарёи Вахшро баста, маҷрӯи онро дигар карданд ва барои сохтмони нақби обгузари НОБ-и Роғун асос гузоштанд ва ин боиси хеле тез роҳандози гаштани корҳои сохтмонӣ дар ин объекти  стратегӣ гардид.

Санаи 16-ноябри соли 2018 бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати  якуми НОБ-и Роѓун   ба кор дароварда шуд,ки  ин орзуи деринаи тамоми сокинони мамлакатамон љомаи амал пӯшид.

Баъди ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварамон ғайр аз дигар самтҳои ҳамкорӣ созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикӣ ва таъминоти об баста шуд, ки  барои сохтмони НОБ-и Роғун Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад. Дар мавриди ба кор даромадани НОБ-и Роғун таъминоти барқ натанҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми минтақа , аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ беҳтар мегардад.

Барои расидан ба қадри ин пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сокини мамлакат баҳри тоза нигоҳ доштани  об ва сарфакорона истифодабарии он кӯшиш намояд, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саноату соҳаи кишоварзӣ хеле тараққӣ карда истодааст, ин ду соҳаи муҳим бузургтарин истеъмол кунандагони об ба ҳисоб мераванд. Барои самаранок истифода бурдани об дар корхонаҳои саноатӣ системаиоби гардишӣ ва ташноб тозакунӣ бояд ба таври назаррас ба роҳ монда шавад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад технологияҳои пешқадам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ самарабахши обёрии зироатҳо ба роҳ монда шавад.

Ҳифзи захираҳои обӣ қарзи ҳар як сокини сайёра ба ҳисоб меравад. Оқилона истифода бурдани об аз тарафи аҳолӣ боиси сарфа гардидани он мегардад. Маданияти истифодабарии об бояд ба хурду калон фаҳмонида шавад, чунки об ҳастии тамоми мавҷудоти олам мебошад.

 

Содирҷон Ғафоров, омузгори калони кафедраи фанҳои табиӣ –илмии ДКМТ