Ҷойи якум муборак! Дар омода намудани хуришҳои миллӣ бонувони донишкада ҳамто надоранд.

Бонувони фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳама озмуну мусобиқот ширкат варзида ҳамеша сазовори ҷойи намоён мегарданд. Ин бор низ, омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ, ки мудирияшро Сулеймонова Назокат бар ӯҳда доранд, бонуи ҳунарманд Раҷабова Шафоат барои нишон додани ҳунари дастархонороӣ ва хуришҳои милливу муосир дар даври шаҳрии Озмуни вилоятии “хуришҳои миллӣ ва муосир”  сазовори ҷойи якум гардид, ки ин  боиси хушнудист.

Дар ин озмун, ки миёни бонувони касбу кори гуногун гузаронида шуд, омӯзгори донишкада Раҷабова Ш. аз худ маҳорати баланди омода намудани хуришҳои миллӣ ва муосирро нишон дода, зиёда аз 35 навъи хуриш пешниҳод кардааст, ки ин заҳмати осон нест ва танҳо ягона иштирокчии беназир ва беҳамто дар ин озмун ба ҳисоб мерафт.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бахшида ба солҳои 2019-2021 “солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ташкил карда шудааст ва ҳамасола гузаронида мешавад, ки дар он бонувони донишкада низ фаъолона ширкат менамоянд.

Шуъбаи иттилоот