Шанбегии умумӣ дар донишкада баргузор гардид

Рӯзи шанбе, дар донишкада шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

Ҳайати профессорию омӯзгорӣ тибқи дастури роҳбарияти донишкада гирду атрофи донишкадаро аз партовҳо тоза намуда, ба гулҳо ва сабзазорони ҳавлии донишкада об пошиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада, шанбегии умумӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳамаи кормандон ширкат менамоянд ва дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Шуъбаи иттилоот