Оғози марҳалаи имтиҳонсупорӣ барои хониши нимсолаи дуюм дар донишкада

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имтиҳонҳои давлатӣ барои курсҳои якум оғоз гардид. Шурӯи имтиҳонҳо имрӯз дар се факултети донишкада ба таври ҳамешагӣ бо ширкати донишҷӯёни зиёд дар Маркази миллии тестӣ ва бақайдгирӣ ба мушоҳида мерасид.

Ҷараёни имтиҳонҳо аз ҷониби масъулони ин марказ мушоҳида мешуд ва ҳамзамон намояндагони факултетҳо низ ин ҳолатро назорат менамуданд.

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раёсати таълим давра ба давра имтиҳонҳо дар донишкада баргузор мегарданд ва пас аз гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ донишқӯёни курсҳои дуюм низ ба имтиҳонсупорӣ фаро гирифта мешаванд.