Ҷаласаи Шӯрои занони донишкада бо ширкати ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи Шӯрои занон ширкат намуда, як қатор ҷавондухтаронро ба рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд. Ҷаласаи Шӯрои занон, ки раиси Шӯро Самадова Гулӣ мебошанд, бо ширкати ҳамаи бонувони донишкада баргузор гардид.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи нақши занон дар пешрафти ҷомеа сухан ронда, нақши зани тоҷикро дар ҳама давраи барои миллат ҳассос нек арзёбӣ намуданд ва иброз доштанд, ки занони боиффату бофарҳангу маданияти миллати тоҷик тавонистанд, ки то ба замони мо одату анъана ва фарҳанги миллиро ҳифз намоянд, ки ин хидмати бузург мебошанд.
Ректори донишкада дар бораи фарҳанги миллӣ ва иффати зани тоҷик сухан намуда, аз бонувони ҷавон ва ҳамаи хонумон даъват ба амал оварданд, ки дар риоя намудани фарҳанги миллӣ, одоби накӯ ва иффати занона эҳтиёткор бошанду тавонанд, ки ҳамон бонуи асили тоҷикро муаррифӣ созанд.
Имрӯз, дар сиёсати давлат дастгирӣ нисбати занон хеле зиёд аст ва мо низ талош менамоем, то занон, бонувони азизро дастгирӣ намоем, то онон низ дар ҷомеа саҳми хешро гузоранд, вале бонувон набояд фаромӯш созанд, ки хислати зани тоҷик ин боиффат будан, бофарҳанг будан ва боодобу ҳалим будан аст ва дар ин самт бонувони мо бояд, эҳтироми зан-модарро ба ҷо оваранд ва ба номи мубораки зани тоҷик доғ наоранд, илова намуданд, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ.
Дар интиҳои ҷаласа суолу ҷавоб байни бонувон сурат гирифт ва аъзоёни Шӯро барои ғамхорӣ ба ректори донишкада изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот