Ҷаласаи фаврии ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо роҳбарони сохторҳо бахшида ба сазовор гузаронидани “Ҳафтаи ҷавонон”

Дирӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо муовинони ректор Насриддинов З.З.,Умарҷонов А.,Ҷабборзода М ва сардорони раёсату шуъбаҳо, ҳамчунин деканҳои факултет ва мудирони кафедраҳо ҷаласаи корӣ гузарониданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи мазкур оид ба гузаронидани ҳафтаи ҷавонон ва ширкати донишҷӯёну омӯзгорон дар роҳпоймоиҳо ва ҳамчунин нигоҳ доштани одоби инсониву муаррифии фарҳанги нек таъкид намуданд.
Ҷиҳати омода намудани шиору овезаҳо ва мусоидат намудан ба бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бӯстон ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ муовинони ректорро вобаста намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон, ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнҳои пешомада ва қадрдонӣ намудани ҷавонон низ роҳбарият ба масъулин супоришҳо доданд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбарият аз ҳамаи кормандон хоҳиш намуданд, то дар ин лаҳзаҳои муҳим барои миллат иттифоқ бошанд ва содиқона хидмат намоянд.
Шуъбаи иттилоот