Донишҷӯён барои таътили тобистона ба худ китобҳои бадеӣ гирифтанд

Дирӯз, донишҷӯёни факултети корҳои кӯҳӣ зери роҳбарии омӯзгорон Раҳимов Ҷасур ва Шарипов Хуршед аз китобхонаи донишкада дидан намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Танжихолова Шаҳнозабону иттилоъ доданд.
Донишҷӯёни бахши якум аз китобҳои нодир ва китобхонаи электронӣ дидан намуда, бо шароити мавҷудаи китобҳо ва махзани адабиёти электронӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Як қатор донишҷӯён дар ин рӯз ба китобхона аъзо шуда, барои хониши тобистонаи худ адабиётҳои илмӣ ва бадеиро интихоб намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар китобхонаи донишкада китобҳои наву замонавӣ хеле зиёд ворид мегарданд ва аксарияти адабиёти воридгардида, нав ва муосир мебошанд.
Шуъбаи иттилоот