Муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. ба варзишгарони ҷавон ҳадяҳои хотиравӣ тақдим намуданд

Дирӯз, бахшида ба Рӯзи ҷавонон муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” дар донишкада ба як қатор ҷавонон-ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ Бобоҷонов Мӯҳсинҷон, Искандарзода Сайидо, Ҳасанзода Ҳоҷимурод, Бегов Хизрулло ва Мӯсоев Шаҳром ҳадяҳои сохтори тарбияро тақдим намуданд.
Донишҷӯёни мазкур дар риштаҳои гуногуни навъҳои варзиш ҳунарозмоӣ менамоянд ва дар мусобиқаҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз номи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баромад менамоянд.
Шуъбаи иттилоот