Семинари илмӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети электромеханика

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи илми тоҷик» санаи 14 – уми апрели соли равон семинари илмӣ- назариявии кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика  бо иштироки ҳайати профессорону   омӯзгорони донишкада баргузор гардид.

         Дар он номзади илмҳои техникӣ, олими ҷавон Абдуллоев Муҳамадхӯҷа Аҳмадхоҷаевич дар мавзӯи «Автоматикунонии системаи барқтаъминкунӣ ва таҷҳизоти он» баромад намуда, дар бораи тараққиёти тезу тунди илм ва технология дар ҳамаи соҳаҳо ва аз он ҷумла дар соҳаи барқтаъминкунӣ суханронӣ намуд. Номбурда, қайд намуд, ки дар замони ҳозира рақамикунонии дар ҳамаи соҳаҳо васеъ истифода бурда шуда истодааст.  Аз он  ҷумла, соҳаи барқтаъминкунӣ низ аз ин истисно нест. Рақамикунонӣ имконият медиҳад, ки суръат интиқол ва ҳаҷми маълумоти интиқолшаванда ва халалнопазирии он ба маротиб зиёд карда шавад.

         Бинобар ин дар қатори фанҳои тахассусӣ омӯзиши фанҳои информатика ва барномасозӣ вобаста ба ин фанҳои тахассусӣ дар замони ҳозира ҳаётан зарур мебошад, ки имкон медиҳад, ки дастпарварони ДКМТ аз замон қафо намонанд, ва зиёда аз он намояндагони пешсафи  рушд ва саноатикунонии мамлакат бошанд.