Шанбегии умумӣ дар донишкада бо иштироки ректор н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор шуд

Имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии донишкада бо ширкати ректори  донишкада  н.и.и., дотсент Бахтиёр  Маҳмадалӣ ва омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ  Ҷабборзода Муҳаммад хабар дод.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки  дар асоси аксияи “Шаҳри сабз”, ки донишкада аз рӯзҳои нахустини баҳор роҳандозӣ намудааст, ҳаракат менамоем, то хиёбону атрофи донишкадаро ба як гӯшаи беҳтарин дар шаҳр табдил диҳем ва дар ин иқдом ҳамчунин ба сокинони шаҳри Бӯстон низ баҳри ободонӣ мусоидат менамоем.

Дар шанбегии имрӯза омӯзгорону кормандон ба таври дастаҷамъӣ гирду атрофи биноми донишкада ва хиёбонҳои шафати онро аз партовҳои гуногун ва алафҳои худрӯё тоза намуда, ба ҷойҳои холӣ гулҳои ороишӣ ва тару тоза ба миқдори 3600 бех шинониданд, то роҳгузарону меҳмонони шаҳр  бо  як рӯҳияи хуш аз он ҷо гузар намоянд.

Ҳамчунин, дар саҳни ҳавлии донишкада як қатор гулҳои ороишӣ ва хушбӯй шинонида шуд, ки саҳни биноро боз ҳам зеботар гардонид.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари тозаву озода намудан ва гулшинонӣ, ҳамзамон як қатор корҳои ободониву созандагӣ дар кафедраву факултаҳо анҷом дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароит  ба донишомӯзон мусоидат менамояд.

М. Сайидзода