Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҷлиси  ҷамъбастии ҳисоботи семоҳа баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда ва дигар сардорони шуъбаву садорати факултетҳо бо мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд.

Нахуст ҷаласаро ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини ректор оид ба таълим Насриддинов З.З. барои қироати ҳисоботи семоҳаи фаъолати бахши таълим доданд.

Насриддинов З.З. дар мавриди беҳбуд бахшидан ба соҳаи таълим сухан ронда, афзоиши  сифати таҳсилотро назар ба соли гузшта бо дарҷаи фоизнокӣ баён доштанд ва илова намуданд, ки дар семоҳаи дуюм дар назар дошта шудааст, ки анқариб ҳамаи аудиторияҳо бо проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шавад….

Сипас, Умарҷонов А. роҷеъ ба фаъолияти сохтори илм ва инноватсия ҳисобот дода, аз ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои Россия ва Ҷопон, ҳамзамон Ҷумҳурии халқии Хитой ёдовар шуданд ва гузаронидани озмунҳоро дар давраи семоҳаи аввал қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, Аминҷонова М. перомуни фаъолияти сохтори тарбия ҳисобот дода, аз гузаронидани як қатор чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи модарон ва ҷашни байналмиллалии Наврӯз иттилоъ доданд.

Пас аз шунидани ҳисоботи муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова М.С. ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ сухан ронда, иброз доштанд, ки дар бахши тарбия сустии фаъолият ва бетаваҷҷуҳии муовинони деканщои тарбия ва мураббиён дида мешавад, ки ин оқибати нек надорад ва бояд, ки сохтори тарбия барои бартараф намудани камбудиҳо чораҷӯйӣ намояд.

Ҳамзамон, дар ин ҷаласа деканҳои факултети электромеханика Қозиев К.С., факултети металлургия  Шамсиддинов Ш., факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г., факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов М. К. аз фаъолияти семоҳаи худ ҳисобот доданад.

Аз зерсохтори донишкада директори Донишкадаи Кофнутсий  Валиева Мастура суханронӣ намуда, перомуни фаъолияти семоҳаи худ ҳисобот доданд. Валиева М. илова намуданд, ки дар давраи семоҳа  бо як қатор донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд, ҳамчунин бо корхонаҳои саноатӣ дар ин давра созишнома баста шудааст, ки ин ба манфиати донишҷӯён низ мебошад.

Дар ҷалсаи ҳисоботӣ ҳамчунин, аз раёсати таълим бошад Осими Оқил, сардори маркази тестӣ ва бақайдгирӣ Давлатов Давлатмаҳмад ва аз раёсати илм  сардори шуъбаи магистратура ва аспирантура Муҳаммадюсупова Шамсия, аз раёсати кадрҳо бошад ҳуқуқшинос Деҳқонов Д баромад намуда, аз фаъолияти семоҳа ҳисобот доданд.

Дар интиҳо ректори донишкада н.и.и., дотсент  Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, аз фаъолияти семоҳа, ки як қатор корҳои ободониву созандагӣ сурат гирифт, изҳори хушнудӣ карда, илова карданд, ки то 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳама корҳои ободниву созандагӣ ба итмом расонида шавад ва ҳамчунин озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шаванд.

Ректори донишкада изҳор доштанд, ки вазифаи ҳар яки мо ин ҷо хизмат ба ҷомеа ва омода намудани кадрҳои донишманд ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мебошад. Ҳар як мутахассиси омоданамудаи мо, барои мо судманд мебошад, вале агар мо мутхассиси хуб омода накунем зарару зиёни онро дар ҷомеа худамон мебинем, ки ин дигар оқибати нек надорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгор бояд бо амри дилу виҷдони пок ва садоқатмандона барои омода намудани мутахассисони варзида талош варзад, то бо ҳамин роҳ тавонем ҷомеаро рушд диҳему ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунаии босуръат муваффақ гардем.

Ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор доштанд, ки имрӯз дар бахши тарбия низ бояд корҳои назаррасе анҷом дода шавад, то ҷавонон дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва меҳандӯстӣ тарбия ёбанду фирефтаи ҳар гуна созмону ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ нагарданд, ки беҳуда ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Дар ин самт бояд корҳои фаҳмонидадиҳӣ бештар гузаронида шавад, то ҷавонон гумроҳ нагарданд, ки оқибати гумроҳшавӣ нек нахоҳад буду ба ҷомеа зарар дорад.

Дар ҷараёни ҷаласаи имрӯза суолу ҷавобҳо бо омӯзгорон ва ҳисоботдиҳандагон сурат гирифт, ки барои пешрафти кор мусоидат менамояд, ҳамзамон ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳар як ҳисоботдиҳандаро аз нақшаҳои минбаъда ва сатҳу сифати иҷроиши кор пурсон шуданду машваратҳо доданд, то соҳа муваффақияте ба даст оварад.

Дар интиҳои ҷаласа ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ эълон намуданд, ки Давлатов Давлатмаҳмад аз ҷониби аъзоёни Иттифоқи касабаи донишкада ба ҳайси раиси ин иттифоқ интихоб гардидааст ва аз ҳамин рӯз шурӯъ намуда, бояд ба донишҷӯёни камбизоат ва табақаи ниёзманди шаҳри Бӯстон кӯмакпулиҳо ва таъмини онон бо маводҳои озуқавориву либосвориро ба роҳ монад, то рисолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шавад.

М. Сайидзода