Декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М. ба донишҷӯёни Коллеҷи кӯҳи дарс гузаштанд

Декани факултети корҳои кӯҳии донишкада дотсент Самадова Гулӣ Мирҷоновна ба Муассисаи давлатии Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, ки дар назди  Донишкадаи кӯҳию металлургии  Тоҷикистон мебошад, ташриф бурда, бо донишҷӯён ва омӯзгорони ин коллеҷ вохӯриву мулоқотҳо гузарониданд.

Ҳамчунин, Самадова Г.М. ба донишҷӯёни курсҳои дуюми коллеҷи мазкур аз фанни “Асосҳои корҳои кӯҳӣ” дарс гузашта, моҳияти фанни мазкур ва зарурияти онро ба донишҷӯён ба таври универсалӣ фаҳмониданд, ки аз ин соати дарсӣ донишҷӯён хуш истиқбол намуданд.

Ҷиҳати идомаи таҳсил дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муаллима Самадова Г.М. бо донишҷӯён мулоқот намуда, омодагии факултетро барои қабули довталабон баён доштанд.