ТОҶИКИСТОН САРЗАМИНИ БУЗУРГИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК АСТ. Ибрози андеша дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар байни канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сурма яке аз металлҳои стратегӣ ва фоидаовари саноати истихроҷи маъдан  ба ҳисоб рафта, ба  гурӯҳи металлҳои  нодир тааллуқ дорад. Аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи ҷаҳонӣ сурма 1,8 млн/т (Carlin, 2012) буда, аз рӯи он Тоҷикистон дар ҷаҳон ва минтақаи Осиё мавқеи пешоҳангро ишғол менамояд. Чунин нигоштааст омӯзгори калони кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ҳаёт РАҲИМОВ дар мақолаи хеш, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол доштааст.

Дар зер матни пурраи он пешкаш карда мешавад.

-Дар Паёми навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳо соҳаи саноати металлургия ва истихроҷи маъдан низ ҳамаҷониба мавриди таҳлилу натиҷабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур чунин вазифа гузоштанд: «Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавадки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншудааз ҷумла сурмалитийволфрамникел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса додабарномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлатест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок буда, дар қаъри кӯҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ хеле зиёданд. Тибқи маълумоти омории солҳои охир, дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 700 кони канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рӯҳ, сурма, симоб, мис, қалъагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.

Ба гуфти олими амрикоӣ Корби Г. Андерсон, дар миқёси ҷаҳонӣ истеҳсоли аввалияи сурма аз маъданҳои он дар 15 кишвар ба роҳ монда шудааст. Таъмини саноати сурмаи ҷаҳонӣ бо захираҳои мавҷудаи металлӣ дар сатҳи ҳозираи истифодаи сурма тақрибан ба 14-20 сол мерасад. Аз ин рӯ, мушкилоти мураккабии истифодаи ашёи хоми сурма дорои вазифаи таъхирнопазир аст. Соли 2014 Иттиҳоди Аврупо сурмаро ашёи муҳим ва стратегӣ эълон кард. Ҳамин тариқ, сурма ҳоло барои ҷомеаи муосир маводи муҳим ва стратегӣ маҳсуб мешавад.

Тибқи таҳқиқоте, ки Хадамоти геологии ИМА (USGS) нашр кардааст, захираҳои маъдани сурма соли 2021 дар Чин 25% захираҳои ҷаҳонро ташкил доданд, дар ҳоле, ки то солҳои наздик ин захира дар Ҷумҳурии Мардумии  Чин 52%-ро ташкил медод.  Солҳои охир коркарди металли сурма дар ин давлат кам гардида истодааст. Бо вуҷуди ин, номуайянии назаррас дар бораи ояндаи истихроҷи сурма дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоришҳо дар бораи захираҳои тамомшуда, паст шудани дараҷаи конҳо ва баста шудани конҳои марбут ба санҷишҳои экологӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи Roskill, истихроҷи маъдани сурма аз 115 000 тонна дар соли 2010 то 80 000 тонна дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Коҳиши интиқоли ашёи хом аз Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳисоби афзоиши  истеҳсоли сурма дар Тоҷикистон, Русия ва Австралия ҷуброн карда шуд. Омилҳои экологӣ боиси коҳиши қобили мулоҳизаи иқтидори корхонаҳои металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин шудаанд. Ин метавонад барои воридкунандагони нави бозор имконият фароҳам оварад.

Дар шароити Ҷумҳурии Точикистон тадқиқот дар соҳаи металлургияи сурма барои муваффақона ба амал баровардани ҳадафи стратегии саноатикунонии мамлакати мо-гузаштан аз  давлати аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ аҳамияти махсус дорад. Мавҷуд будани захираҳои бойи табиӣ ва конҳои маъданҳои бисёрунсур, манбаи нисбатан арзон ва дастраси неруи барқ асоси боэътимоди тараққиёти саноати металлургияи давлати мо ба ҳисоб мераванд.

Олимону муҳаққиқони соҳаи саноати мамлакатро мебояд, ки пайваста дар ин самт дастҷамъона фаъолият намуда, ҷиҳати то ба маҳсулоти ниҳоӣ коркард ва истеҳсол гардидани маъданҳои металлҳои ранга, алалхусус металли сурма корҳои илмию тадқиқотии худро ба роҳ монанд. Моро зарур аст, ки дар ин раванд мутахассисони баландпояи ватании худро омода намуда, ганҷинаҳои беназири мамлакатамонро коркард намоем.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои илмию таҳқиқотии тадқиқотчиёни кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази тадқиқотии технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олими пурмаҳсули ин Академия А. Бадалов усули муосири истеҳсоли металли сурма бо истифода аз реагенти дохилии воридотивазкунанда ихтироъ гардид. Он арзиши истеҳсоли металлро ба куллӣ кам мекунад ва ҳамзамон мушкилоти экологияро дар минтақае, ки корхонаҳои коркард ҷойгиранд, беҳтар менамояд.

Яке аз душвортарин марҳилаҳои коркарди маъдан ҳангоми истихроҷи металлҳо ба пайвастагиҳои ҳалшаванда табдил додани онҳо мебошад. Маъданҳои сурмадор асосан дар шакли сулфидӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, барои ба шакли ҳалшаванда табдил додани онҳо якчанд реаксияҳои кимиёвӣ гузаронидан  зарур аст.

Усулҳои мавҷудаи пирометаллургии коркарди ашёи хоми сулфиди металлҳои ранга ва нодир, ки асосан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, аз сабаби хориҷ намудани газҳои сулфур ва карбон ба атмосфера хеле зарарнок ва аз лиҳози сарфаи энергия барои истеҳсоли металлҳо хеле гарон мебошанд.

Дар ҳарорати 1100-1200° С сулфиди сурма ба оксиди сурма мубаддал мегардад, аммо гудохта,  часпнок мешавад, бухоршавии оксиди сурма кам гардида, ҷудошавии он душвор мегардад. Бартарии технологияи пешниҳодшаванда дар он аст, ки дар ҳарорати 450° С консентрат пурра аз шакли сулфидӣ озод мешавад. Доир ба татбиқи ихтирооти зикргардида бо корхонаҳои саноатии мамлакат ҳамкории илмӣ ва таҷрибавӣ пурра ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  кӯшиш менамоем, ки корҳои илмӣ-татқиқотиро дар ин самт вуссъат бахшида, баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳои илм саҳм гузорем.

Ҳаёт РАҲИМОВ,
омӯзгори калони кафедраи металлургияи
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»