Аёдати собиқадорони донишкада дар Рӯзи меҳнаткашон

Имрӯз раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат бахшида ба Рӯзи меҳнаткашон пирони кор- собиқадорони донишкада аз ҷумла профессор Музаянна Маъмуровнаро аёдат намуда, ҳадяи идонаро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки профессор М. Маъмуровна аз бонувони фаъол ва тарбиятгарони собиқадори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад ва шогирдони зиёдеро дар роҳи илм тарбия намудааст.