Ҷамъбасти фаъолияти семоҳа дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷамъбасти фаъолияти семоҳа бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати роҳбарикунандаву омӯзгорон баргузор гардид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сараввал роҷеъ ба ин давраи фаъолият сухан ронда, як қатор дастовардҳоро ёдрас шуд.
Баъдан муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин роҷеъ ба таълим, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо оид ба самти илм, муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон оид ба соҳаи тарбия, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба Давлатзода Давлат оид ба фаъолияти иттифоқи касаба ва комиссияи қабул ҳисобот доданд.
Зимни баррасии ҳар як соҳа андешаҳову пешниҳодҳои мутахассисон шунида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар фаъолият намудан ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Мавсуф аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки фаъолона баҳри пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоянд ва насли ҷавонро хуб тарбия кунанд.