Тарғибу ташвиқи донишкада дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 13-уми феврал дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардида аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии таълимии вилояти Суғд бо хатмкунандагон баргузор гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Муродзода Муқим намояндагони муассисаҳои олии таълимиро хуш истиқбол намуда, муаррифии ихтисосҳо ва мулоқоти рӯ ба рӯ бо хатмкунандагонро саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Муовини раиси ноҳия муҳтарам Зокирзода Гулсара ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мукаррамзода Фарҳод намояндагони муассисаҳои олии таълимиро муаррифӣ карда, иштироки хатмкунандагонро таъмин намуданд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори раёсати таълим номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил муаррифӣ намуда, оид ба имконият ва шароитҳои мавҷудаи донишкада маълумоти муфассал дод.
Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Айнӣ аз нигоҳи ҷуғрофӣ минтақаи куҳсор ба шумор рафта, захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок дорад. Дар ояндаи наздик, ки боз корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд мегарданд, бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин намудани коргоҳ масъалаи асосӣ ба шумор меравад.
Ба довталабон варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки итисосҳои ин донишкадаро интихоб намоянд.
PS: Хонандаи арҷманд бинобар мушкили фаннии сомона, хабару гузоришҳо дертар гузошта шуд